Дар Санкт-Петербург ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъияти тоҷикон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъияти тоҷикон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград 4 феврал дар Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ, намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Шодибой Тураев, раисони ҷамъиятҳо, ҳамоҳангсозон ва аъзои шӯрои ҳамоҳангсозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ зикр кард, ки ҳамаи кормандони консулгарӣ тайёранд дар ҳар ҳолат ба ҳамватанон оид ба тамоми масъалаҳои ба миён омада кумак расонанд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд, риояи қонунҳои Федератсияи Россия аҳамияти калон дорад.
Намояндаи Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода тезисҳои муҳимеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз шуда буданд, ба самъи ҳозирин расонида, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ суҳбат намуд ва илова кард, ки ҳамватанони мо бояд бо ҳамаи одамони Санкт-Петербурги сермиллат робитаи хуб дошта бошанд.
Бахтовар Сафарзода иброз дошт, ки имрӯз миёни ҷавонон кор бурдан лозим аст, то онҳо ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил нашаванд.
Дар ҷаласа нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъияти тоҷикон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.








НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»






