Дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 548 килограмм маҳсулоти хӯрокии ғайристандартӣ нобуд карда шуд

Февраль 2, 2021 10:30

ВАҲДАТ, 02.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат  соли 2020 796 намунаи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ  гузарониданд, ки аз ин шумора  16 ҳолати он ғайристандартӣ дониста шуда, ба миқдори зиёда аз 548 килограмм  маҳсулоти гӯштӣ, нон, чойи хушк,  равғани растанӣ, нӯшокиҳои машруботӣ ва маҳсулоти қаннодии ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯнабуда  дар ҳайати комиссияи давлатӣ нобуд гардонида шуд. Дар ин бора  директори Маркази ташхиси минтақавии  «Тоҷикстандарт»  дар шаҳри Ваҳдат Пулод Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҳамчунин дар ин давра 1764 воситаҳои ченак  аз тарафи бахши воситаҳои ченак аз назорати давлатӣ гузаронида шуда,   бо шаҳодатномаи ваколатдор таъмин гардиданд.

Пулод Мирализода гуфт, ки соли гузашта 400 нуқта дар соҳаи савдо, 73 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ,  6 сартарошхона, 8 нуқтаи таъмири таҷҳизоти нақлиёт, 1 меҳмонхона, 2 истироҳатгоҳ, 3 нуқтаи хизматрасони бозорҳо ва 17 нуқтаи ҳамаи намуди хизматрасонии ихтиёрӣ бо шаҳодатномаи  кору хизмат  таъмин карда шуданд. Ҳамзамон  ба корхонаҳои истеҳсолӣ 132 адад сертификати мутобиқат  дода шудааст.

 

АКС аз бойгонӣ

Февраль 2, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад