Дар Тоҷикистон ҳаштумин мавсими бозиҳои Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи оғози бозиҳои футбол Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон «Футбол ба назди шумо меояд» ҷаласа баргузор намуд, ки дар он санаи шурӯи Лига муайян карда шуд. Имсол Лига ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар тамоми минтақаҳои кишвар 7 феврал, соати 10:00 оғоз меёбад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқоте, ки таҳти роҳбарии директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков баргузор гардид, намояндагони Лигаи вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва Душанбе иштирок карданд. Иштирокдорони маҷлис муқаррарот ва навовариҳои лоиҳаи ин мавсимро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар мавсими ҷорӣ бозиҳои Лига аз рӯи се категорияи синну сол дар байни кӯдакони на калонтар аз 7, 9 ва 11-сола сурат гирифта, иваз кардани бозигарон ҳатмӣ аст, то ҳамаи кӯдакон имконияти якхелаи вақти бозӣ дошта бошанд.
Пас аз нишаст ба масъулини федератсияҳои минтақавии футбол калтачаҳо, тӯб, тӯри дарвоза ва либос барои ризокорон (ихтиёриён) тақдим карда шуд.
Tcell бо дастгирии Лигаи футболи кӯдакон «Футбол ба назди шумо меояд» ба насли ҷавон ғамхорӣ зоҳир мекунад, зеро маҳз дар айёми хурдсолӣ асос ва заминаҳои ҳаёти солим гузошта мешаванд.
Дар мавсими гузашта дар бозиҳои Лига 18600 нафар кӯдакон аз саросари Тоҷикистон ширкат варзиданд.
АКС аз ФФТ








Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид






