Дар вилояти Суғд Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон гузаронида мешавад

Февраль 9, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф тибқи қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соли равон Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ташкил гардида, дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир хоҳад шуд.

Ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва олимони ҷавоне, ки дар озмун пирӯзӣ ба даст меоранд, мукофотҳои пулӣ супорида мешаванд.

Акс аз бойгонӣ

Февраль 9, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад