Дар Восеъ таҳти унвони «Даст ба даст» иқдом доир гардид
ВОСЕЪ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Восеъ таҳти унвони «Даст ба даст» иқдом доир шуда, аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба 50 нафар кӯдакон ба таври ройгон шаҳодатномаи таваллуд дода шуд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин иқдом намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, падару модарон ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.
Бино ба иттилои мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Восеъ Мавлуда Файзуллозода, «чунин иқдом дар оянда низ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот роҳандозӣ гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ идома меёбад. Кормандони бахш айни ҳол дар ҳар ҷамоат барои пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз бо аҳолии деҳот вохӯрию суҳбатҳо гузаронида истодаанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар ноҳия бекор кардани ақди никоҳ нисбат ба соли гузашта 30% коҳиш ёфта, аксар оилаҳои дигар аз нав барқарор гардиданд».
Оид ба бақайдгирии саривақтии асноди ҳолати шаҳвандӣ дар моҳи январи соли 2021 503 сабти таваллуд, 101 сабти вафот, 134 сабти никоҳ, 10 адад сабти бекор кардани ақди никоҳ, 123 сабти муқаррар намудани падарӣ, 118 ҳолати барқароркунии таваллуд, 18 сабти ивази ному насаб, 3 сабти фарзандхонӣ тартиб дода шудаанд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






