Дар як сол дар ҷануби Тоҷикистон 8344 барнома бо иштироки ҷавонон баргузор шудааст

Февраль 9, 2021 11:03

БОХТАР, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар вилояти Хатлон 8344 барномаи мухталифи дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд. Дар онҳо 807 ҳазору 826 нафар ҷавонон ширкат варзиданд. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, имрӯз дар минтақа 1 миллиону 78 ҳазору 100 нафар зиндагӣ мекунанд, ки аз ҷумла 525 ҳазору 827 нафари онҳо духтарон мебошанд.

«Дар вилоят 143 нафар донишҷӯ стипендияи Президентӣ, 463 нафар — стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо, 130 нафар — стипендияи раиси вилояти Хатлонро мегиранд», — иброз дошт вай.

Дар вилоят 11 маркази ҷавонон фаъолият мекунанд. Дар 4 ноҳия — Восеъ, Хуросон, Мӯъминобод ва Ш.Шоҳин — сохтмони марказҳо идома дошта, дар минтақаи Ҷалолиддини Балхӣ барои сохтмон қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Шумораи умумии ихтиёриён дар минтақа 1918 нафарро ташкил медиҳад.

Февраль 9, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд