Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аккредитатсияи инстутсионалии аврупоӣ пурра гузашт

Февраль 2, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии  Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки аз аккредитатсияи инстутсионалии аврупоӣ  пурра гузашт  ва мақоми худро боз ҳам мустаҳкам намуд. Дар ин бора имрӯз Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба хабарнигорон зимни нишаст иттилоъ дод.

Қобилҷон Хушвахтзода афзуд, ки 2 ва 15 ноябри соли 2020 гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ ба ДМТ ташриф оварда, бо тамоми паҳлуҳои  донишгоҳ шинос шуданд. Онҳо донишгоҳи моро дар қиёс ба талаботи аврупоӣ пурра мавриди санҷиш қарор доданд.

«Имрӯз, хушбахтона, пас аз омӯзиш ва пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои дахлдор Шӯрои агентии сифати таҳсилоти олии касбӣ дар Эстония (EKKA) Донишгоҳи миллиро мувофиқ ба талабот ва стандартҳои аврупоӣ эътироф намуд»,-зикр кард мавсуф.

Ин дар ҳолест, ки 1 сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дарси сулҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастур дода буданд, ки донишгоҳҳо ва донишкадаҳо аз аккредитатсияи  байналмилалӣ гузаранд ва мавқеи касбии таҳсилоти олии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Ректори донишгоҳ иброз кард, ки EKKA аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баҳодиҳии сифати барномаҳои таълимиро дар Эстония ва дигар давлатҳои хориҷӣ анҷом медиҳад. Аз соли 2013 EKKA ба регистри аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ ворид карда шудааст. Он узви Ассотсиасияи аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ, Шабакаи  байналмилалии Агентии оид ба таъмини сифати таҳсилот, Шабакаи агентиҳои марказӣ ва шарқии таъмини  аврупоии сифати таҳсили касбӣ мебошад.

Февраль 2, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат