Гулнора Ҳасанзода: Дар давраи сирояти COVID-19 Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир намуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар қаламрави ИДМ дар давраи сироятёбии бемории COVID-19 маъракаи муҳими сиёсӣ-барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир намуд. Аз 1 то 15 октябри соли сипаригардида дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ-барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки он дар сатҳи баланд ва бо усулҳои муосири ҷамъоварии маълумот тариқи интернет ва планшет, инчунин давраи натиҷагирии маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки дар маъракаи барӯйхатгирии соли 2010 зиёда аз 34 ҳазор нафар кормандони муваққатӣ ба кор ҷалб гардида буданд. Ин теъдод соли 2020 ба 27 ҳазору 410 нафар корманди муваққатӣ расид, яъне қариб 7 ҳазор нафар кам гардид. Омили кам гардидани кормандони муваққатӣ- ин истифодаи технологияи замонавӣ, яъне усули ҳисоби электронӣ мебошад. Ба ин усул қариб 40 фоизи аҳолӣ фаро гирифта шуданд, ки натиҷаи беҳтарин ҳисобида мешавад.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки соли 2020 корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 30820,8 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли сипаригардида 9,7 фоиз афзудааст. Омили аосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати саноати коркард-17,4 фоиз таъмини неруи барқ, газ, буғ ва 9 фоиз тозакунии ҳаво ба амал омадааст.
Соли 2020 маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 11616,9 млн сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,4 фоизро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли сипаригардида дар масоҳати умумии 1383,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра 16 мактаб барои 13 534 ҷойи нишаст, 39 бунгоҳи тиббӣ барои 436 ҷой дар як баст ва 8 адад беморхона барои 577 кат ба истифода дода шудаанд.
Ба гуфти Гулнора Ҳасанзода, содироти мол дар соли 2020 406,9 млн долларро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2019 19,8 фоиз ё 232,5 млн доллар зиёд аст. Шарикони асосӣ оид ба содирот давлатҳои Швейтсария бо 49,0 фоиз аз ҳаҷми умумии содирот, Туркия -14,4 фоиз, Қазоқистон- 10,8 фоиз, Ӯзбекистон- 5,9 фоиз, Афғонистон- 5 фоиз, Россия- 2,9 фоиз, Чин- 2,4 фоиз, Белгия- 2,3 фоиз, Италия- 1,1 фоиз, Покистон- 1 фоиз ва дигар давлатҳо мебошанд.








Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид






