Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳии бошгоҳҳо ба вилояти Суғд рафт

Февраль 9, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳии бошгоҳҳо бо роҳбарии ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов дар вилояти Суғд қарор дорад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ин гурӯҳ аз мутахассисони самтҳои гуногун ташкил шуда, тибқи нақшаи корӣ, то 11 феврал аз дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми мамлакат боздид мекунад.

Дар марҳилаи аввали иҷозатномадиҳӣ комиссияи ФФТ ҳуҷҷатҳоро оид ба иҷрои талаботи муқаррароти иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби бошгоҳҳои Лигаи олӣ аз рӯи меъёрҳои варзишӣ, инфрасохтор, кадрҳо, маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ месанҷад.

Ҳамзамон яке аз вазифаҳои асосии комиссия- ин мулоқот бо раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо барои таҳлили футбол ва дастгирии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи саросари кишвар мебошад.

Зимни сафар комиссияи кории ФФТ тибқи натиҷаи санҷиши бошгоҳҳои футболи мамлакат камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи зарурӣ нишон медиҳад.

Тибқи нақша. гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳии бошгоҳҳо тӯли се рӯз аз 6 дастаи вилояти Суғд — «Исфара» (Исфара), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Зафаробод), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Эсхата» (Хуҷанд), ки дар мавсими нав дар лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон ширкат меварзанд, дидан мекунад.

Аъзои гурӯҳ дар рӯзи аввали корӣ аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Ҷ.Расулов дидан намуданд.

АКС аз ФФТ

Февраль 9, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт