Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои нимниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои ½-финалии Ҷоми ФФТ-2021 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар баргузор мегарданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии сеюми марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 15 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо натиҷаи калони 4:0 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хотима ёфт. Новобаста аз натиҷаи ин рақобат дастаҳо қабл аз муҳлат роҳхати даври нимниҳоиро ба даст оварда буданд.
Ҳамчунин дар бозии дигар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ғалаба карда, роҳхати охиринро ба даври нимфинали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 ба даст овард. Бозии дастаҳо дар доираи даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ доир гардида, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони шаҳри Турсунзода анҷом ёфт.
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи финалӣ
Гурӯҳи «А». Бозии 3-юм
«Равшан» – «Истиқлол» — 0:4
Голҳо: Салам Ашурмамадов, 63 (0:1), Алишер Ҷалилов, 67 (0:2), Рустам Соиров 75, (0:3), Рустам Соиров, 90+2 (0:4)
«Мастчоҳ» – КМВА – 2:3
Голҳо: Салоҳиддин Одиназода, 28 (1:0). Муҳсин Рустамзода, 50 (2:0). Шодибек Ғаффоров, 61 (2:1). Ҷонибек Шарипов, 90 (2:2). Комрони Мирзохон, 90+2 (2:3).
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи финалӣ
Гурӯҳи «Б». 3-юм давр
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2 ….. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 26 (0:1). Ҳикматулло Расулов, 38 (0:2). Абдулло Шарипов, 82 (1:2).
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






