ИН БА ОҒОЗИ ХОТИМАИ ПАНДЕМИЯ МОНАНД АСТ. Чунин тахмин мекунад коршиноси АМИТ «Ховар», сардухтури Беморхонаи клиникии сироятии Душанбе дар бораи тамоюли коҳишёбии бемории коронавирус дар ҷаҳон

Февраль 20, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /НИАТ «Ховар»/. Коҳиш ёфтани бемории коронавирус дар Москва дар ҳама гурӯҳҳои синну сол, аз ҷумла кӯдакон ба назар мерасад ва таҳсили рӯзона ба вазъ таъсир нарасонд. Дар ин бора муовини шаҳрдори пойтахти Россия оид ба масъалаои рушди иҷтимоӣ Анастасия Ракова дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Россия-24» иброз дошт. Тамоюли коҳишёбии беморӣ тақрибан дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад. «Ин ба оғози хотимаи пандемия монанд аст», — тахмин дорад коршиноси мо, сардухтури беморхонаи клиникии сироятии Душанбе Хуршед Ҳабибзода.

Бо тафсилоти бештар  —  муҳаррири бахши  русии АМИТ «Ховар» Елена БАТЕНКОВА.

Суръати миёнаи паҳншавии сирояти коронавирус дар ҷаҳон дар моҳи феврал нисбат ба авҷи нишондиҳандаҳои моҳи январ тақрибан ду баробар кам шуд. Чунин маълумотро чанде пеш Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) пешкаш намуд. Тибқи ҳисоботи АМИТ «Ховар», коҳишёбии беморӣ тақрибан дар ҳама давлатҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад, ҳатто дар кишварҳое, ки аз рӯи шумораи сироятҳо дар сегонаи аввал қарор доранд. Инҳо ИМА, ки дар он шумораи умумии сироятҳо то 18 феврал 28 453 526, Ҳиндустон (10 949 546) ва Бразилия (9 979 276) мебошанд. Беморӣ дар Бразилия, Колумбия ва Аргентина беш аз ду маротиба коҳиш ёфтааст ва суръати паҳншавии сироят дар Мексика боз ҳам назаррас коҳиш ёфтааст — се маротиба.

Дар Аврупо коҳишёбии паҳншавии коронавирус тақрибан дар тамоми кишварҳои бистгонаи аввал аз рӯи шумораи сироятҳо, аз ҷумла Италия, Чехия, Германия ва Британияи Кабир ба назар мерасад.

«Имрӯзҳо, бисёр кишварҳое ҳастанд, ки аллакай бар коронавирус пирӯз шуда тавонистанд, дар онҳо сироятёбӣ ба сифр баробар аст ва аз ҷумлаи чунин кишварҳо Тоҷикистон мебошад, ки дар он дар тӯли чанд ҳафта ягон ҳолати сироят ошкор нагардидааст. Ин ба оғози хотимаи эпидемия монанд аст. Шояд ба қарибӣ СУТ ҳатто дар бораи бекор кардани пандемияи COVID-19 эълон кунад», — тахмин мекунад коршиноси АМИТ Ховар, сардухтури беморхонаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе Хуршед Ҳабибзода.

Хуршед Ҳабибзода коҳишёбии шумораи сироятёбии коронавирусро бо як қатор сабабҳо, аз ҷумла чораҳои саривақтӣ аз ҷониби давлатҳо, инчунин масунияти дастаҷамъона, ки дар тӯли соли гузашта дар байни аҳолӣ ташаккул ёфтааст, рабт медиҳад.

Сабаби дигари коҳиш ёфтани бемориро табиб эмкунӣ номид, ки аллакай дар як зумра кишварҳо оғоз ёфтааст.

«Тавре маълум аст, хотимаи табиии ҳама гуна эпидемия вақте оғоз меёбад, ки шумораи одамоне, ки бо вирус дар ин ё он шакл сироят ёфтаанд, 20-25%-ро ташкил медиҳад. Дар давоми соли пандемия, як қисми назарраси аҳолии ҷаҳон бо вирус сироят ёфтанд ва шумораи камтари онҳое боқӣ мондаанд, ки ба коронавирус дучор нашудаанд», — гуфт ӯ.

Дар воқеъ, тавре қаблан хабар дода будем, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ моҳи майи соли гузашта дар барномаи «Робита»-и ТВ «Ҷаҳоннамо» гуфта буд, ки тақрибан 85 фоизи шахсони гирифтор ба COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд, ё тамоман аломат надоранд ё нишонаҳои хеле сабук доранд.

«Вақте ки сухан дар бораи одамони бемор меравад, шумо набояд фикр кунед, ки ин одамон дар беморхонаанд, ба онҳо нафаси сунъӣ ё чизи дигар дода мешавад. Бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи ҷаҳоние, ки мо медонем, 85 фоизи шахсони гирифтор ба COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд, ё тамоман аломати бемориро надоранд ё нишонаҳои хеле сабук доранд. 15 фоизи баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. 10 фоизи онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 фоизи дигар бояд ба беморхона раванд. Аз 1 то 3 фоиз ва ё дар баъзе ҳолатҳо то 5 фоиз мефавтанд», — гуфта буд ӯ.

Ногуфта намонад, ки доктор Ораш Алои, ки дар Ню Йорк зиндагӣ мекунад, дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон маъруф аст. Чанд сол аст, ки ӯ ҳамчун коршиноси байналмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дорад.

Бояд тазаккур дод, ки аз оғози соли нав дар Тоҷикистон коронавирус комилан нест шуд. Чанде қабл  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки ҳолати нави COVID-19 дар Тоҷикистон тайи  як моҳ боз ба қайд гирифта нашудаанд.

Қаблан, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни ирсоли  Паёми солонаи худ ба Парлумони кишвар аз пирӯзии ҷумҳурӣ бар сироят эълом доштанд.

Моҳи ноябри соли гузашта, доктор Алоӣ дар Душанбе дар як ҳамоиш бо намояндагони ВАО-и миллӣ ширкат варзид. Ӯ дар бораи сабабҳои якбора коҳиш ёфтани бемории коронавирус дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ Ховар чунин гуфта буд: «Сиёсати ҳукумат дар мубориза бо «​​вабо»-и нав калиди пирӯзӣ бар вирус гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19  назар ба дигар давлатҳо беҳтарин ҳисобида мешавад. Зеро Ҳукумат дар нахустин лаҳзаҳои ба қайд гирифтани бемории коронавирус ҳудудҳои худро бо дигар давлатҳо баст, фаъолияти тарабхона ва меҳмонхонаҳоро қатъ кард, мардум дар кӯчаҳо бо ниқоби тиббӣ гаштугузор менамуданд, ки ин аз барномаи хуб доштани ин давлат дарак медод».

Ба ақидаи ӯ, сабаби дигари ин пирӯзии Тоҷикистон дар он аст, ки 80 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ намуда, аҳолии шаҳр камтар мебошад ва дар деҳот мардум бештар дар фазои кушод аз боду ҳавои  тоза нафас мегиранд, ки ин яке аз омилҳои асосии камтар ба бемории коронавирус гирифтор шудани аҳолӣ мебошад.

Ӯ ҳамчунин саҳми ВАО-ро омили охирини пирӯзӣ бар коронавирус номид. Ба андешаи ӯ, воситаои ахбори омма дар бораи аҳамияти он, инчунин дар бораи вазъи кунунии кишвар ба ҷомеа маълумот доданд.

Дар ҳамин ҳол, сироятшинос муътақид аст, ки Иёлоти Муттаҳидаро муносибат ба бемории нав хароб кардааст. «Муносибати амрикоиҳо ба коронавирус ҷиддӣ нест ва вирус ҳоло кишварро тарк нахоҳад кард», —  гуфта буд Алоӣ.

Ҳамзамон, ӯ аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки андешидани тадбирҳои пешгирикунандаро то даме, ки пандемия дар саросари ҷаҳон комилан решакан карда нашавад, идома диҳанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»