Пагоҳ Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Февраль 15, 2021 13:41

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 16 феврал Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Академияи идоракунии давлатӣ  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 нишасти матбуотӣ доир  менамоянд.  

Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  соати 09:00 дар Агентии мазкур   баргузор  мешавад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон   нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи вазорат ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    соати 10:00 дар Академияи мазкур доир менамоянд.

Нишасти матбуотии  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон     соати 11:00 дар Кумитаи мазкур ва нишасти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон     соати 14:00 дар Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 27А) баргузор мегарданд.

Нишасти матбуотии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мешаванд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои  238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 15, 2021 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд