Самариддин Ализода: «Дар Тоҷикистон воқеаҳои нави сироятёбӣ бо COVID-19 сабт нашудаанд, вале аз сокинон даъват мешавад, ки қоидаҳои пешгириро риоя кунанд»
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ вазъи вобаста ба коронавирусро дар Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон 17 феврал ҳангоми брифинги онлайн баррасӣ карданд.
Брифинг бо ибтикори директори Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюге ташкил шуда буд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Рӯзҳои охир дар Тоҷикистон ягон воқеаи нави сироятёбии шаҳрвандон аз коронавируси COVID-19 сабт нашудааст. Аммо, сарфи назар аз ин, сокинони кишварро даъват мекунем, ки қоидаҳои пешгирии ин бемориро ҳатман риоя кунанд”, — иттилоъ дод ба ҳамтоёнаш Самариддин Ализода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот вазъи ҷории коронавирус дар ин кишварҳо баррасӣ шуда, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва табобати ин беморӣ иброз доштанд.








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






