СУТ: пандемияи коронавирус дар оғози соли 2022 анҷом хоҳад ёфт

Февраль 24, 2021 10:57

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи уфунати коронавирус дар оғози соли 2022 анҷом хоҳад ёфт. Ин муҳлатро сардори Дафтари минтақавии Созмони умиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо Ҳанс Клюге номбар кард, хабар медиҳад «РИА Новости» бо истинод ба шабакаи телевизионии Дания DR.

«Бадтарин сенария пушти сар монд. Мо дар бораи вирус дар муқоиса бо соли 2020, замоне, ки он тавсеаро шурӯъ намуда буд, ҳоло маълумоти бештар дорем», — зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи Клюге, вирус аз байни башарият нопадид намешавад, вале то санаи нишондодашуда ниёз ба маҳдудият боқӣ нахоҳад монд.

Вай шарҳ дод, ки ин танҳо як пешгӯӣ аст, зеро ҳоло касе дақиқ гуфта наметавонад, ки вазъият чӣ гуна рушд хоҳад кард.

20 феврал СУТ сироятёбии 110 миллион нафарро бо коронавирус дар саросари ҷаҳон тасдиқ кард. Хуруҷи пневмонияи COVID-19, ки сабаби он навъи нави коронавирус мебошад, бори аввал моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳан сабт шуда буд.

 

АКС аз Reuters

Февраль 24, 2021 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон