СУТ шароитеро номбар кард, ки дар он ваксинаи зидди коронавирус бесамар хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ваксина танҳо дар сурате самарабахш аст, ки агар он дар ҳама ҷо гузаронида шавад, изҳор намуд роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, видеои суханронии ӯ дар саҳифаи YouTube -и СУТ интишор ёфтааст.
Гебрейесус аз ҳама кишварҳо даъват кард, ки ваксинагузарониро ба таъхир наандозанд, зеро дар акси ҳол гунаҳои нави коронавирус пайдо мешаванд.
«Дар ин ҳолат, ваксинаҳое, ки мо истифода кардаем, метавонанд бесамар гарданд», — ҳушдор дод роҳбари СУТ.
Вай зикр кард, ки набудани доруҳо дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ барои кишварҳои сарватманд мушкилӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ, Гебрейесус аз ҳукуматдорон даъват кард, ки ба шаҳрвандони худ бифаҳмонанд, ки барои муҳофизат аз вирус на танҳо онҳо, балки эм намудани сокинони кишварҳои «боқимондаи ҷаҳон» низ зарур аст.
АКС аз сомонаи in-fa.ru








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






