ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТИ МУРҒРО АФЗОИШ МЕДИҲАД. Дар Данғара калонтарин фабрикаи парандапарварӣ дар Осиёи Миёна бунёд мешавад

Февраль 10, 2021 13:03

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бузургтарин корхонаи парандапарварӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба истеҳсоли гӯшти мурғ бунёд мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус раиси Раёсати корхонаи «Парандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров 9 январ дар нишасти матбуотӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳор намудааст.

Зикр шуд, ки ширкати «Мармарӣ» ба кори сохтмони корхона машғул мешавад ва таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Чин харидорӣ хоҳад шуд.

Ба истифода додани корхонаи нав моҳи марти соли равон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки фабрика аз 26 коргоҳ иборат хоҳад буд ва иқтидори истеҳсолии он 5,5 ҳазор тонна гӯшти мурғ дар як сол мебошад.

Машокир Назаров таъкид кард, ки гӯшти истеҳсолнамудаи фабрика асосан ба хориҷи кишвар содир хоҳад шуд, дар ин робита аллакай созишномаҳои дахлдор имзо шудаанд.

Мутобиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли 2020 дар Тоҷикистон 983 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, аммо барои пурра қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ба тухми мурғ, тақрибан 1,1 миллиард дона тухм истеҳсол кардан лозим аст. Бо ҳамин сабаб, танҳо дар вилояти Хатлон имсол бунёди 11 корхонаи парандапарварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Парандапарварони мамлакат чунин мешуморанд, ки ҳозир барои пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ғизоӣ вазифаи асосӣ — баланд бардоштани маҳсулнокии паранда ва сифати маҳсулоти он мебошад. Инчунин мақсад- пешсаф шудан на танҳо дар бозори дохилӣ, балки рушд додани содирот низ мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» қабул шудааст. Барномаҳои рушди соҳаи парандапарварӣ татбиқ мешаванд. Яке аз  вазифаҳои асосӣ — таъмини устувори аҳолӣ дар ҳаҷми кофӣ ва бо нархҳои дилхоҳ бо маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ мебошад.

Дар Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 нигоҳ доштани сатҳи бадастовардаи истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ, таъмини афзоиши миёнаи солона дар ташкилоти кишоварзӣ то 3% ва баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо бо роҳи татбиқи технологияҳои пешрафта пешбинӣ шудааст. Дар барнома аз ҳисоби баҳрабардории самараноки корхонаҳои мавҷудаи парандапарварӣ сохтмони корхонаҳои нав пешбинӣ шудааст.

 

АКС аз бойгонӣ

Февраль 10, 2021 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад