МУБОРАК БОД! Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон ғолиби «Ҷоми рушд-2021» дар Минск гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ғолиби мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» гардид, ки 6 феврал дар Минск ба анҷом расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар бозии охирони худ ба муқобили мизбони мусобиқа дастаи миллии Беларус наврасони тоҷик бо ҳисоби 4:1 ғалаба ба даст оварданд. Голҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Аббос Андалибов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов ва Амирҷони Фаррухзод ба ҳадаф расониданд.
Пас аз ин ғалаба наврасони мо соҳиби 3 имтиёз шуда, шумораи умумии имтиёзҳояшонро ба 9 адад расониданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан наврасони мо дар ду бозии аввали худ ба муқобили дастаҳои миллии Қазоқистон (7: 1) ва Молдова (5:1) ғалаба ба даст оварда буд ва қабл аз муҳлат чемпиони мусобиқа шуд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021»
Даври 3-юм
Беларус (U-17) — ТОҶИКИСТОН (U-17) — 1:4
Голҳо: Иван Агеев, 37 (1: 0). Аббос Андалибов, 38 (1: 1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 54 (1: 2). Сунатулло Азизов, 64 (1: 3). Амирҷони Фаррухзод, 89 — аз ҷаримаи 11 метра (1: 4).
Молдова (U-17) — Қазоқистон (U-17) — 0: 5
АКС аз ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






