Ҳусайн Идиев: Иттифоқи «Тоҷикматлубот» омӯзгоронро як сол аз пардохти маблағи иҷораи хобгоҳҳо озод намуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз намуд, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгороне, ки дар хобгоҳи донишгоҳу донишкадаи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» истиқомат мекунанд, як сол ва донишҷӯён дар нимсолаи аввал пурра аз пардохти маблағи иҷора озод мегарданд.
Зикр гардид, ки дар муассисаҳои таълимии Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ва Литсейи назди Донишгоҳ тамоми шароит муҳайё карда шуда, барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ мутахассисони зарурӣ тайёр карда мешаванд.
Дар ҷараёни нишаст иброз шуд, ки дар анбору сардхонаҳои ташкилоту хоҷагиҳои соҳаи Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба ҳолати 1 декабри соли 2020 ба миқдори 2364 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, ки (1306 тоннааш пиёз, 703 тонна картошка) ва 633 тонна ангишт захира карда шудааст. Инчунин дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 45 адад анборҳои захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба масоҳати 15790 м2 мавҷуд мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳа 3 адад сардхона, аз ҷумла дар шаҳри Исфара бо ғунҷоиши 350 тонна, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ғунҷоиши 250 тонна ва дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ғунҷоиши 1500 тонна фаъолият намуданд.
«Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нақша дорад, ки дар соли 2021 вазифаҳои зерин: омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети қабулнамуда ва зиёд намудани ҳаҷми даромад, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, афзоиш додани хариду захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаҷми истеҳсолот, таъмиру навсозии бозори идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалинг, сохтмони бозор дар ноҳияи Мастчоҳ, ба анҷом расонидани сохтмони бозори замонавӣ дар маркази ноҳияи Носири Хусрав, идома ва анҷом додани сохтмони «Маркази савдо»-и дуошёна дар ноҳияи Восеъ, навсозии бозори ҷамъияти матлуботи ноҳияи Муъминободро амалӣ намояд»,- гуфт Ҳусайн Идиев.
Барои амалӣ намудани ин корҳои сохтмонӣ тақрибан 11 млн сомонӣ равона гардида, аз ин ҳисоб ҷойҳои иловагии корӣ ташкил карда мешаванд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






