Вазорати маориф ва илм: Се лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ пурра аз расмиёти дохилидавлатӣ гузаронида шуданд

Февраль 5, 2021 14:50

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки дар соли сипаригардида се лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳуриҳои Сербия ва Фаластин оид ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи шабакавии ИДМ пурра аз расмиёти дохилидавлатӣ гузаронида шуданд.

Вазири маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки  дар соли таҳсили 2020-2021 аз Федератсияи Россия 620 бурсия, Озарбойҷон- 6 бурсия, Венгрия-20 бурсия, Руминия- 1 бурсия, Беларус- 8 бурсия, Қазоқистон- 50 бурсия, Украина- 20 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намуданд.

М.Имомзода ҳамчунин зикр кард, ки  бо назардошти вазъи баамаломада дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор 110 нафар донишҷӯ тариқи ҳавопаймоҳои чартерӣ ба ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Украина сафарбар карда шуданд. Таҳсили дигари донишҷӯён тариқи онлайн ба роҳ монда шудааст.

Дар нишаст зикр гардид, ки дар ин давра 3520 нафар донишҷӯ барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба қайд гирифта шуда, таҳсили онҳо тариқи фосилавӣ ба роҳ монда шуд. Дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ зиёда аз 10 995 нафар донишҷӯи хориҷӣ қабул гардиданд.

Дар нишаст доир ба норасоии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ зикр шуд, ки ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхат ба муассисаҳои зикршуда сафарбар менамояд. Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2020-2021 барои 2994 нафар пешниҳод гардид. Бо роҳхати вазорат 4251 нафар ба муассисаҳои таълимӣ ба кор фиристода шуданд, ки аз ин теъдод то моҳи ноябри соли 2020 2306 нафар ба ҷой кор ҳозир шуда, 1142 нафар бо сабабҳои узрнок ва 802 нафар бесабаб ба ҷойи кор ҳозир нашуданд.

Вазири маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки ҳоло дар қаламрави мамлакат 65 нафар омӯзгори забони русӣ ва 98 нафар омӯзгори забони англисӣ намерасад.

Зикр шуд, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Телефони боварӣ” фаъол аст. Дар соли сипаригардида муроҷиати шаҳрвандон асосан фарогири масоили азхудкунии заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ, аз меъёр зиёд талаб намудани маблағ дар боғчаҳо, пардохт нашудани музди меҳнату рухсатипулии омӯзгорон, барзиёд талаб кардани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, рафтору муносибати дағалонаи баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон, ҷамъоварии маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ва харидории лавозимоти зарурӣ барои синф, шаффоф нагузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагон ва озмуни квота дар даври ноҳиявию вилоятӣ, аз ҷониби волидон пардохт нагардидани маблағи моҳонаи муассисаҳои таълимии хусусӣ ва амсоли инҳо буд.

Февраль 5, 2021 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд