Олимҷон Муҳаммадҷонзода: «Соли 2020 барои номгузории 1278 маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ хулосаи ниҳоӣ пешниҳод намудем»

Февраль 17, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 17.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 барои номгузории 1278 маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин 11 номгўй номвожаҳои мансуб ба конҳои шимоли Тоҷикистон хулосаи ниҳоӣ пешниҳод гардид. Аз он 1279 -тоаш дастгирӣ ва 10- тоаш рад карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ибрози назар намуд.

Ба зикри номбурда, ин рақам назар ба соли 2019, ки 428 номи маҳалли аҳолинишин буд, ду баробар зиёд аст.

Дар нишаст гуфта шуд,  ки Кумита дар ҳамин давра, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ивази номи қуллаи Корженевский ба қуллаи «Озодӣ» ва «Қуллаи Озодӣ» ба «Сангталак», воқеъ дар қаторкӯҳи Академияи миллии илмҳо ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритуз ба Шаҳритус»-ро таҳия намуд, ки баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Кумита тибқи нақшаи санҷишӣ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» доир ба назорати муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо барои соли 2020, ки бо Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ шудааст, фаъолияти 28 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дод.

Инчунин аз ҷониби гурўҳҳои корӣ ҷиҳати риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 4, 6 ва Гимназияи №1-и Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 3, 4, 5 ва Гимназияи №1-и шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор мавриди санҷиш қарор гиирфтанд, ки аз натиҷаи санҷиш ба муассисаҳои болозикр барои ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида муҳлат дода шуда, гузориш пешниҳод гардид.

Кумита дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, вазъи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №17, №18, №28, №51-и шаҳри Душанбе, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дод. Аз натиҷаи санҷиши ин муассисаҳо низ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикршуда санад тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.

Февраль 17, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид