Зубайдулло Давлатов: Заминаҳои ҳуқуқии хизмати ҳарбӣ такмил меёбанд

Февраль 23, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, давлат ва ҷомеаро ба низом медарорад.  Он, ки қонунҳо ин оё он соҳа ва  ҷомеаро идора мекунанд, имрӯз ба аксиома табдил ёфтааст ва ҳоҷат ба исбот надорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» маҳз барои бартараф намудани як зумра мушкилот равона шудааст. Аз ҷумла, қонун пешбинӣ менамояд, ки минбаъд дар мақомоти қудратӣ, суд ва прокуратура ҷавононе ба кор қабул карда шаванд, ки хизмати ҳатмии муҳлатноки ҳарбиро адо карда бошанд.

Вобаста ба моҳият ва муқаррароти ин қонун коршиноси мо, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ  дар суҳбат бо  АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд:

20 январи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, даъвати шашум  баргузор гардид. Дар он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ намуд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2021, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”- ро қабул намуданд ва 29 январи соли 2021 ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо гузоштанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таҳия  гардидааст.

Қонуни нав дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда таҳия гардида, ба роҳ мондани якчанд навовариҳо, аз ҷумла дар ҷараёни қайди ҳарбии шаҳрвандон, тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, тартиби адои хазмати ҳарбӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллиро дар ин самт амалӣ менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои Россия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ва бо дарназардошти хусусияти миллию таърихии миллати тоҷик таҳия гардидааст. Дар лоиҳа пешбинӣ шуда буд, ки  ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рутбаи аввали афсарӣ танҳо баъди адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба муддати 12 моҳ дода мешавад ва то рутбаи ҳарбии сержантро соҳиб мегардад. Инчунин дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки шаҳрванд баъди адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти қудратӣ ба кор қабул карда мешавад.

Қонун тартиби нави хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ намудааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилӣ ба миён меоварад.  Бинобар ин, татбиқ намудани чунин навъи хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Зимнан, дар Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст Ҳар шахсе, ки бо пардохти маблағ аз хизмат озод шуд, сарбози захиравӣ ба шумор меравад.

Қонуни мазкур муҳлатҳои зерини хизмати ҳарбиро муқаррар менамояд: хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар вазифаи сарбозон ва сержантҳо – 24 моҳ ва барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ – 12 моҳ; хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаи сарбозон ва сержантҳо – 1 моҳ; хизмат аз рӯйи даъват дар вазифаҳои афсарон — 24 моҳ; хизмат бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержант, прапоршик ва барои хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан — 3 сол; хизмат бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои афсарон– 5 сол,  хизмат барои афсароне, ки муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд–10 сол ва барои афсарони хатмкардаи чунин муассисаҳои сохтори амнияти миллӣ ва хадамоти махсус– на камтар аз 15 сол.

Дар шароити ҳозира то 18 моҳ ё 12 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок аз лиҳози нигоҳ доштани сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва омилҳои иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ намебошад. Дар кишварҳое, ки муҳлати хизмати ҳарбиашон 12 ё 18 моҳ мебошад, хизмати ҳарбии шартномавӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ аз ҳисоби ҳамин ҷузъу томҳо, ки беш аз 50 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳанд, нигоҳ дошта мешавад. Инчунин то 18 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ, бо дарназардошти хусусияти таъминоти ақибгоҳӣ (муҳлатҳои истифодаи сару либос ва дигар амволи шайъӣ), хароҷотро то 30 дарсад зиёд менамояд.

Ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ дар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, чорабиниҳои бақайдгирии ҳарбӣ ва омӯзиши пешаздаъватӣ, иштирок дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ, муоинаи тиббӣ, ташхис ва табобат, тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ, гирифтани ихтисоси бақайдгирии ҳарбӣ ва машғул шудан бо навъҳои варзиши ҳарбию амалӣ тибқи роҳхати комиссариатҳои ҳарбӣ ройгон аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд. Инчунин нигоҳ доштани ҷойи кор ва омӯзиш бо пардохти музди миёнаи кор ва ҷуброни хароҷот вобаста ба сафар дар давраи иштирок дар ин чорабиниҳо бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  кафолат дода мешавад.

Қонун доираи шаҳрвандонеро, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод мебошанд, муайян намудааст. Шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, дар дигар давлат хизмати ҳарбӣ ё ба он баробаркардашуда, инчунин хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд ё бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд.

Шаҳрвандоне, ки падар (модар), бародар (хоҳарашон) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд, онҳое, ки дар оила писар ё писархонди ягона мебошанд, инчунин шахсони дорои унвони номзади илм, доктори фалсафа, доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат мебошанд, ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шаванд.

Ҳамчунин муҳлати даъват ба хизмати ҳарбии шаҳрвандоне, ки муваққатан ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, ба нигоҳубини узви оилаи ба кумак эҳтиёҷдошта машғул мебошанд, дар ҳолати набудани шахсони дигар, ки тибқи қонун уҳдадоранд ба нигоҳубин машғул шаванд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, ба тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммондаашон машғул мебошанд ва шахсоне, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, то бартараф гардидани шартҳои мазкур ба таъхир гузошта мешавад.

Даъватшавандае, ки модараш ба ғайр аз ӯ боз ду фарзанди ноболиғро танҳо тарбия менамояд, вакилони маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, донишҷӯёне, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи дараҷаи бакалавр ё мутахассис таҳсил менамоянд, омӯзгороне, ки дорои маълумоти олии омӯзгорӣ буда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот ва онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таҳсилӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд, шаҳрвандоне, ки ду ва зиёда фарзанд доранд, барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд”.

Матни Савганди ҳарбӣ, ки қаб­лан дар Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳ дарҷ гардида буд, дар таҳрири нав оварда шуда, бо қонун тасдиқ карда мешавад.

Қонун уҳдадории мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилот, уҳдадории даъватшавандагон ва падару модарони онҳоро  доир ба иҷрои чорабиниҳои уҳдадории ҳарбӣ муқаррар намуда, дигар масъалаҳоро вобаста ба адои хизмати ҳарбӣ ба танзим медарорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим карда, Қонун асос­ҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ омода намудани шаҳрвандон, тартиби даъват намудан, дохил шудан, адои хизмати ҳарбӣ ва рухсат шудан аз он, бақайдгирӣ дар ҳайати эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, субъектони дигари раванди ин муносибатҳоро муайян менамояд.

Кумитаҳо ва дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ, ба лоиҳа беш аз 195 таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо ҳангоми такмили лоиҳа ба инобат гирифта шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷолибияти хизмати ҳарбӣ пайваста тадбир меандешад. Аз ҷумла, ба шахсоне, ки баъди хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ доранд, зимни супоридани тест дар Маркази миллии тестӣ холҳои иловагӣ дода мешаванд. Инчунин марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки онҳоро бо ҷойи кор ва кумакпулӣ таъмин намоянд.

Бино ба талаботи Қонун минбаъд дар мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва хадамоти иҷро шахсоне ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳатмии ҳарбии муҳлатнокро адо намудаанд. Зарурати ҷорӣ намудани чунин меъёр, ба ғайр аз асосҳои дар боло овардашуда, боз дар он аст, ки тибқи нақшаҳои мудофиаи давлат ва сафарбарӣ, мақомоти зикршуда дар давраи таҳдиди хатари ҷанг ё ҳолати ҷанг, доир ба ташкил ва таъмини мудофиаи давлат ва гузаронидани чорабиниҳои сафарбарӣ вазифаҳои мушаххас дошта, бояд кормандони онҳо дониши умумии ҳарбӣ ва маҳорату малакаи ҷангӣ дошта бошанд.

Февраль 23, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ШЕРАЛӢ МИРЗО: «ИСЛОҲОТИ ҲАРБӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ МАМЛАКАТ ИДОМА ДОРАД». Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» посух дод
Занон дар таҳкими Артиши миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштаанд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Академик Ф. Раҳимӣ: «Илм — фурӯғи маърифат» имкони мусоиди наҷот аз хурофоту найранги аз аҳди Дақёнус мондаро фароҳам меорад
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 312 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 403 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид
Дар Агентии назорати маводи нашъаовар бахшида ба Артиши миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
ИН БА ОҒОЗИ ХОТИМАИ ПАНДЕМИЯ МОНАНД АСТ. Чунин тахмин мекунад коршиноси АМИТ «Ховар», сардухтури Беморхонаи клиникии сироятии Душанбе дар бораи тамоюли коҳишёбии бемории коронавирус дар ҷаҳон
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ҶАВОНОН МЕТАВОНАНД САДДИ БОЭЪТИМОДИ ПАҲНШАВИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО ЭҶОД КУНАНД. Дирӯз дар Тошканд дар ин бора конфронси байналмилалӣ баргузор шуд

Маводҳои таҳлилӣ