Абдуқаҳҳори Қосим соҳиби Ҷоизаи байналмилалии адабии «Ҷаҳони марзӣ» ва «Антуан де Сент-Экзюпери» гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Иттиҳоди байналхалқии шоирон барои сулҳ ва озодӣ, шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ Абдуқаҳҳори Қосим миёни адибон, тарҷумонҳо, олимон ва рассомони маъруф барои фаъолияти барҷастаи эҷодӣ барандаи Ҷоизаи байналмилалии адабии «Ҷаҳони марзӣ» ва «Антуан де Сент-Экзюпери» (Франсия-Германия) дар соли 2021 гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муассисони ин ҷоиза Академияи байналмилалии адабӣ ва бадеии Украина буда, аз соли 2018 инҷониб нависандагон, тарҷумонҳо ва олимони 60 кишвари дунёро муттаҳид месозад.
Имсол бо ин ҷоизаҳои ифтихорӣ Абдуқаҳҳори Қосим (Тоҷикистон), Сантош Кумар Похарел (Непал), Сабита Сатапати (Ҳиндустон), нависанда, ношир Борис Кригер (Канада), рассом Натали Хо (Франсия) Алфазия Нурраҳмӣ (Индонезия), Абделваҳаб Аззавӣ (Сурия, Германия), адабиётшинос Ал-Хузаа Умар (Ироқ), дабири кулли Ассотсиатсияи нависандагони Ҳиндустон, муаллифи зиёда аз 150 китоб Ашис Санял (Ҳиндустон) барои корҳои барҷастаи эҷодӣ сарфароз гардонида шуданд.








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






