Аз Беларус ба Тоҷикистон зиёда аз 1000 тонна тухмии картошкаи хушсифат ворид мегардад

Март 15, 2021 10:58

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли  равон  ба ҷумҳурӣ  воридоти зиёда аз 1000 тонна тухмии картошкаи хушсифат аз Ҷумҳурии  Беларус ва беш аз 200 тонна тухмии ғалладона аз  Федератсияи Россия дар назар дошта шудааст.

Тавре сардори Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷӯрахон Азизов  ба АМИТ «Ховар»  изҳор дошт, ҷиҳати рушди соҳаи картошкапарварӣ  дар мамлакат  соли гузашта аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон  526 тонна тухмии картошка,  навъҳои хушсифати «Московский 56», «Московский 39» ва «Мироновский 808» ворид гардид. Аз ин 350 тонна ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва боқимондааш ба дигар  минтақаҳои мамлакат  тақсим карда шуд».

«Ҳамчунин, соли 2020  аз ҳисоби ташкилотҳои шарики рушд 135,5 тонна тухмии картошкаи навъи «Пикасо» гурӯҳи якум аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷумҳурӣ  ворид гардида, аз он 77,5 тонна ба ноҳияи Рашт ва зиёда аз 50 тонна ба шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат интиқол ёфт»,-афзуд номбурда.

Дар доираи дастуру супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои як сол озод намудани кишоварзон аз андози ягона, имрӯзҳо аксари хоҷагиҳои пешқадами мамлакат якҷо бо соҳибкорони ватанӣ  тухмиҳои навъи покистонӣ ва ҳолландиро аз хориҷа ба ҷумҳурӣ ворид месозанд. Ҳамзамон, аз маҷмӯи  тухмиҳои воридшуда, як қисми муайяни он  бо мақсади озмудани қобилияти сабзиш ва устувории он ба иқлим ба Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҷудо гардид.

Тибқи иттилои масъулин, Вазорати кишоварзии мамлакат нақша дорад, ки соли равон майдони кишти картошкаро ба беш аз 70 ҳазор гектар расонад. Аз ин шумора 58 ҳазор гектар кишти асосӣ, 8 ҳазор гектар кишти барвақтӣ буда, дар 6,5 гектар кишти такрории картошка гузаронида мешавад, ки дар маҷмӯъ беш аз 72 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна, агар аз ҳар гектар 20-тоннагӣ картошка ҷамъоварӣ гардад, дар умум 1 млн 400 ҳазор тонна картошкаро ташкил медиҳад. Майдони кишт аз ҳисоби заминҳое, ки дар онҳо ғалладонагиҳо, хӯроки чорво кишт карда мешаванд, васеъ карда мешавад. Зеро ин намуд маҳсулотро дар кишти такрорӣ низ парвариш намудан мумкин аст.

Масъулин ҳамчунин иброз доштанд,  ки аз ҳисоби зиёд намудани ҳосилнокии зироати картошка бозори истеъмолиро таъмин намуда, инчунин метавонанд  то 300 ҳазор тоннаро  ба минтақа   содирот  намоянд.

Март 15, 2021 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд