БЕҲТАРИН ҲАДЯ-КИТОБ АСТ! Нашриёти «Адиб» ба шарафи Рӯзи Модар намоиш-фурӯши китобҳои тозанашрро доир менамояд

Март 3, 2021 09:39

ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи  Модар Муассисаи нашриявии «Адиб» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 марти соли равон  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форсро доир  менамояд.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, «дӯстдорони  китоб  аз ин намоиш-фурӯш   метавонанд асарҳои писандидаи худро бо нархҳои арзон дастрас намоянд. Аз ҷумла, имрӯз  китобҳои тозанашри силсилаи «Ахтарони адаб», ҷилдҳои 43, 44, 45 ва 46, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ, «Чароғи лола»-и Муҳаммад Иқбол, «Шаҳсутун»-и  Абдулҳамид Самад, «Дасти дуои модар»,-и  Лоиқ Шералӣ, «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?», «Оинаи ломакон», -и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол», «Тарозуи чашм»,-и Давлат Сафар, «Ишқи сархӯр»,-и Кароматулло Мирзо,  «Фасли орзуву андеша»,-и Зулфия,  «Гулбоғи рубоӣ»,-и Раънои Мубориз «Афсонаҳои халқҳои  ҷаҳон» ва китобҳои   устодон Муъмин Қаноат, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир манзури  иштирокдорон  мегарданд».

Ҳамчунин  иштирокдрон имкон доранд, ки дар  китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта,  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин  метавонанд доир ба   китобҳои тозанашр  маълумоти муфассал пайдо намоянд.

Акс аз бойгонӣ

Март 3, 2021 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад