Бозии байни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо ғалабаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 25 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври 7-уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо ҳисоби 3:0 бар нафъи футболбозони шинохтаи тоҷик анҷом ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ин рақобати шадид шогирдони Усмон Тошев сабқатро фаъолона оғоз карда, ҳанӯз дар дақиқаи 3-юм бо голи задаи Манучеҳр Ҷалилов пешсаф шуданд. Дар идомаи бозӣ футболбозони тоҷик имкони афзун намудани ҳисобро доштанд, ҳатто як дафъа дарвозаи ҳарифро ишғол намуданд, вале довар онро раво нашуморид. Ҳамин тавр қисми аввали бозӣ бо бартарии як голи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Мисли қисми аввали бозӣ дар оғози пайти дуюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон бошиддат рақобат карда, бо талоши Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 50-ум ҳисоби рақобат 2:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон шуд. Голе, ки ғалабаи зарурии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро таъмин кард, дар охири бозӣ аз сӯи Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонида шуд. Футболбозе, ки 8 дақиқа пеш аз захира вориди майдон шуда, Манучеҳр Ҷалиловро иваз кард.
Ҳамин тавр, бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо бартарии 3:0 ба суди футболбозони тоҷик хотима ёфт. Баъди ин ғалаба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Ғ» мавқеи худро беҳтар намуда, як зина боло баромад. Ҳоло бо касби 10 хол дар зинаи дуюми гурӯҳ мавқеъ гирифтааст.
Ин аввалин рӯйдоди варзишист, ки баъд аз пандемия бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бозии расмии футбол бо иштироки шумораи зиёди мухлисон доир шуд.
Ҷоми ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ. Давраи дуюм
Гурӯҳи «F». Даври 7-ум
Тоҷикистон – Муғулистон – 3:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 3. Алишер Ҷалилов 50, Шаҳром Самиев 87.
Ин бозии ҷолибро шоми 25 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 9300 нафар тамошо карданд.









Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд






