Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳамоиш доир гардид

Март 15, 2021 14:52

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ҳамоиш доир карда шуд. Дар ҳамоиш намояндагони  вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Дилшод Музаффарзода иброз намуд, ки тибқи Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985  15 март ҳамчун Рӯзи истеъмолкунандагон ба тақвими байналмилалии санаҳои ҷашнӣ ворид гардид. Дар ҳамбастагӣ ба санади мазкур 25 ноябри соли 2011  Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул намуд, ки давлатҳои аъзои Иттиҳод низ 15 мартро Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар сатҳи баланд ҷашн гиранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб дар қаламрави кишвар Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо баргузории як қатор чорабиниҳо таҷлил карда мешавад.

Зикр гардид, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми  ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вобаста ба таҷлили санаи мазкур дар ҳамбастагӣ бо  дигар мақомоти давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои тақвият бахшидани сатҳи маърифатнокии истеъмолкунандагон ва фаҳмондадиҳии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа тадбирҳои муштарак роҳандозӣ намуда истодааст.

Барои муаррифии тадбирҳое, ки дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд, гузориши видеоӣ зери унвони «Ҳадаф: ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунанда» манзури иштирокдорони ҳамоиш гардонида шуд.

Дар гузориши мазкур иброз карда шуд, ки ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз мавзуъҳои муҳим дар байни соҳаҳо мебошад. Ҳар як давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли  дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидории ашёи  пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя мекунад. Бо ин мақсад  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шудааст. Тибқи муқаррароти моддаи 3-и  Қонуни мазкур истеъмолкунанда  ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон; ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он; ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ); ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ); ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ); ба ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст; ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд; ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон ва ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ҳуқуқ дорад.

Ҳамзамон дар ҳамоиш баён гардид, ки соли ҷорӣ низ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон зери шиори «Ҳуқуқи истеъмолкунанда- интихоби озоди мол, кору хизматрасонӣ» нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, то ба имрӯз дар қаламрави кишвар бо ҷалби мутахассисони соҳаи дигар, дар бозорҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ чорабиниҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш инчунин дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи фаъолияти тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фармасевтӣ ва санитарию эпидемиологӣ, корҳои иҷрогардида дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об, тадбирҳои роҳандозигардида дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат, таъмини назорати риояи қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ, сифат ва бехатарии молҳои ниёзи мардум, дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ маърӯза карда шуд.

София ШОИК,
АМИТ “Ховар”

Март 15, 2021 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд