Дар Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон курси бозомӯзӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ» курси бозомӯзӣ оғоз гардид.
Маҳфили илмиро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ оғоз намуда, сипас дар мавзӯи «Омилҳои расидан ба ҳадафи олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар вилоят, шаҳр ва ноҳия- дастурҳо дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат» маърӯза намуд.
Баъдан маърӯзаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат» ва маърӯзаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллати тоҷик» шунида шуданд.
Дар ҷараёни курси бозомӯзӣ ташкили маърӯза-суҳбат бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва таъмини амнияти устувори миллӣ», инчунин баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши аҳзоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки аз 28 феврал то 6 марти соли 2021 курси бозомӯзиро дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор намояд.
Дар рӯзҳои ояндаи курси бозомӯзӣ, ки як ҳафта давом мекунад, шунидани якчанд маърӯза-суҳбатҳои муфид, гузаронидани мизҳои мудаввар, суҳбату мулоқот бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назар аст.
Дар бахши фарҳангӣ боздид аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, театри “Аҳорун”, Қасри теннис ва маҷмааи бозиҳои обӣ ва дигар иншооти фарҳангию фароғатӣ, таҷрибаомӯзӣ дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар НБО “Роғун”пешбинӣ шудааст.
Натиҷагирӣ аз баргузории ин курси бозомўзии муфид ва саривақтӣ бо муаррифии рефератҳо аз ҷониби шунавандагон дар рӯзи охир ва супоридани сертификатҳо ҷамъбаст мегардад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»









Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






