Дар Душанбе масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони фанни назарияи мусиқӣ баррасӣ шуданд

Март 13, 2021 11:26

ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мутаассифона, сатҳи дониши хонандагон ва донишҷӯёне, ки назарияи мусиқӣ меомӯзанд, ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар ин самт, албатта, мушкилот  зиёданд, вале бояд роҳи ҳалро пайдо кард. Мо бояд коре кунем, ки самаранокии  омодасозии мутахассисони оянда, ҳамзамон сифати раванди таълим аз рӯйи фанҳои назарияи мусиқӣ баланд бардошта шавад. Ин нуктаро  12 март муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода зимни баргузории  ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Роҳҳои навсозии омӯзиши назарияи мусиқӣ», ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид, баён дошт.

Ҳамоиши мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардида, дар он масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа ва пайдо кардани тарзу усулҳои нави омӯзиши фанни назарияи мусиқӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки “масъалаи омӯзиши фанни назарияи мусиқӣ дар замони муосир, муайян кардани сатҳи дониши назариявии хоандагон ва донишҷӯён оид ба санъати мусиқӣ дар муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати мамлакат яке аз мавзӯъҳои асосӣ дониста мешавад. Донишкада талош дорад, ки барои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда оид ба роҳҳои навсозии омӯзиши назарияи мусиқӣ, инчунин омода намудани мутахассисони ин соҳа ва донишҷӯён барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ  пешниҳодҳои нав манзур намояд».

Ба гуфтаи муовини Вазири фарҳанги мамлакат, “бояд ба назар гирифт, ки дар мамлакат муассисаҳои таълимии ба санъати мусиқӣ рабтдошта зиёданд. Аз ин лиҳоз, мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳа ниёз дорем. Пӯшида нест, ки дар баъзе ҳолатҳо дар муассисаҳои таълимӣ устодоне, ки аз рӯи ҳамин ихтисос дарс диҳанд, намерасанд. Албатта, ин ба самаранокии раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад. Сабабҳои воқеӣ низ ҳастанд- набудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ аз фанҳои назарияи мусиқӣ, гармония ва таърихи мусиқӣ, ки бояд ҳал шаванд».

Манучеҳр Шарифзода зикр кард, ки Вазорати фарҳанг чопи дастурҳои таълимиро аз рӯи фанҳои назарияи мусиқӣ ба нақша гирифтааст ва барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар интиҳо пешниҳоду дархостҳои иштирокдорон матраҳ гардида, барои дар амал татбиқ намудани онҳо мутахассисони соҳа муваззаф шуданд.

Март 13, 2021 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд