Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шӯрои рушди соҳаи иттилоот таъсис ёфт

Март 19, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 марти соли 2021 Шӯрои рушди соҳаи иттилооти назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуоти даврӣ, телевизион ва радио дар вилоят, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятӣ, татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот таъсис дода шуд.

Тавре мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, тибқи ин қарор, вазифаҳои Шӯрои рушди соҳаи иттилоотӣ таъмини ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма, ташкилоти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, гурӯҳҳои эҷодӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба амаликунии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ҷалби сармоягузорӣ барои тақвиятбахшии пойгоҳи техникии идораи ВАО дар вилояти Хатлон, муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ташаккули фазои иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар вилояти Хатлон, таҳияи пешниҳодҳо доир ба беҳсозии вазъи фаъолияти ВАО дар вилояти Хатлон, ташкили ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои журналистӣ мебошад.

Инчунин ташкилоти байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои дастгирии техникии идораҳои ВАО, ҳавасмандгардонии аҳли эҷоди вилоят, беҳтаргардонии шароити корӣ дар телевизион, радио, нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба дастгирии соҳаҳои синамо, табъу нашр ва матбааҳои вилоят, баргузор намудани конфронсҳои илмию амалӣ доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва дурнамои рушди матбуоти даврии вилояти Хатлон ва ғайра – аз ҷумлаи вазифаҳои Шӯрои рушди иттилоот унвон шудаанд.

Ҳайати Шӯро аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва аъзои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешавад. Ҷаласаҳои Шӯро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Низомнома, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ баргузор мегарданд.

Март 19, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд