Дар пойтахт Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар пойтахт иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид. Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳо «Дар бораи вазъи иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Барномаи давлатӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Дар бораи вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025», «Дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии рақами 62», «Дар бораи таъйин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии рақами 62» ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардиданд.
Пас аз баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷонибаи масъалаи якуми иҷлосия қарор қабул гардид, ки масъулин дар ҳамкорӣ бо мутахассисон қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои онро вобаста ба «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар кӯтоҳтарин муҳлат таҳия намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноаткунонии босуръати мамлакат, бобати бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бо ин восита зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва солимгардонии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро бахусус ба фаъол гардонидани корхонаҳое, ки қаблан хусусӣ гардонида шуда буданд, вале аз фаъолият бозмондаанд, равона намуда, на танҳо фаъолгардонӣ, балки зиёд намудани иқтидори истеҳсолии онҳоро таъкид карданд.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ҷиҳати ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ба кори доимӣ ҷалб намудани занону духтарони хонашин, тақвияти рушди содирот ва ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, фароҳам овардани шароит барои ташкили фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бо ин васила то охири сол зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ба стандартҳои байналмилалии сифат мутобиқат намудани маҳсулоте, ки аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсол мешаванд, ба роҳбарони сохторҳои марбутаи пойтахт дастуру супориш доданд.
Ҳамчунин масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки дар масъалаи ҷалби сармояву соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ташкил намудани корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, хокаи ҷомашӯӣ, собун, либоси мактабӣ, назорати воридот ва истеҳсоли обҳои ташнагишикан, шиша, коркарди гиёҳҳои шифобахш, корхонаҳои ҳасиббарорӣ, консерваҳои гӯштӣ, бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рақобатпазир бо корхонаҳои саноатие, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро коҳиш додаанд, корбарӣ намоянд.
Раиси шаҳр муовинони соҳавиро вазифадор карданд, ки якҷо бо раисони ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори шаҳрӣ бобати ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолии минтақаи саноатӣ, воқеъ дар кӯчаи Зебунисо 5 –и пойтахт ва барқарор намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои дар ҳудуди ноҳияҳо фаъолияткунанда чораҳои амалӣ андешанд.
Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба масъалаи баланд бардоштани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва коҳишёбии сатҳи бекорӣ ҷалб намуда, дасуту супориш доданд, ки истифодаи технологияи нав ва истеҳсоли молҳои рақобатпазирро дар корхонаҳо ба роҳ монда, афзоиши содироти ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва кам кардани воридоти ҳаҷми маҳсулоти беруниро таъмин намоянд.
Дар иҷлосия вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 баррасӣ гардид, ки аз рӯи он ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода шунида шуд.
Дар ин робита ниҳодҳои марбутаи пойтахт вазифадор шуданд, ки бо мақсади истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ ва ба иҷора супоридани масоҳатҳои озоди моликияти коммуналӣ, пурра таъмин намудани ҷамъоварии маблағҳои амволҳои фурӯхташуда ва иҷораи объектҳои моликияти коммуналии шаҳр, таъмини бақайдгирии пурра ва дурусти амвол, инчунин ҷорӣ намудани тартиби ягонаи ҳисоби бино ва иншоотҳое, ки аз ҳисоби ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ворид шудаанд, чораандешӣ намоянд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии манзилию коммуналӣ, барқарорсозӣ ва навсозии инфраструктураи муҳандисии коммуналӣ, азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳои коммуналӣ, ҷиҳати солимгардонии иқтисодии корхонаҳои партовкашонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди партовҳои истеҳсолӣ, пурра ба системаи биллингӣ гузаштан ва бартараф намудани қарздориҳо, инчунин пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Дар иҷлосия бобати иҷрои пурраи консепсия ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил, ба ин васила нигоҳубини дурусти биноҳо, такмил додани сохтори соҳаи манзилию коммуналӣ, махсусан дар маҳаллаҳои аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ воридшаванда, коҳиш додани қарзҳои соҳа, таъмини тозагии манзилҳо, биноҳои истиқоматӣ ва ҷӯйборҳо, хурраму сабзгардонӣ, инчунин вусъат бахшидани корҳои ободонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар иҷлосия дар бораи қабул ва эътироф намудани молу амволи коммуналии шаҳри Душанбе вобаста ба тағйир ёфтани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе Маҳмадсафо Раҷабализода ҳисобот дод.
Дар ин робита иҷлосия қарор кард, ки молу амволи дар ҳудуди 7659,25 гектар қитъаи замини бо тартиби муқарраргардида ба ҳудуди шаҳри Душанбе ворид гардида, моликияти коммуналӣ эътироф ва қабул карда шуда, истифодаи самараноки он таъмин карда шавад.
Роҳбарони соҳаҳои дахлдор ва сохторҳои марбута уҳдадор шуданд, ки ҷиҳати бақайдгирӣ ва истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ, таъминоти оби нушокӣ, барқ, алоқа, нақлиёт ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешида, зимни таҳияи буҷети шаҳри Душанбе барои солҳои минбаъда, маълумотҳои оморӣ ва ҳисоботҳои давлатӣ тағйироти марбутаро ба инобат гиранд.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 62 Зувайдзода Маҳмадсаидро, бинобар ба вазифаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш, қабл аз муҳлат қатъ кард. Бинобар ин, ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии рақами 62 16 майи соли 2021 интихобот муқаррар гардида, комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе муовини якум, муовинони раис ва раисони ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки пайваста дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини тозагиву ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ карданд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии имрӯзу фардои пойтахти давлати соҳибистиқлоламон пешвоз мегиранд.
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Вобаста ба фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки “Иди байналмилалии Наврӯз барои мо тоҷикон ҷашни азизу муқаддас ба шумор рафта, ин ҷашн дар масири таърих бо фазилату суннатҳои некаш дар ҳаёти маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷик нақши бузург бозидааст».
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намуданд, ки иди байналмилалии Наврӯзро аҳли сокинони пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуда, корҳои хуррамгардонӣ, тозаю озода кардани маҳаллаю кӯчаҳои худро вусъат мебахшанд.
Бо ҳамин иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.