Дар Тоҷикистон Ҳафтаи тақвияти маърифати экологӣ таҳти унвони «Тозагии соҳил — гарави саломатӣ» оғоз ёфт

Март 10, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 то 13 март бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ  таҳти унвони «Тозагии соҳил — гарави саломатӣ» Ҳафтаи тақвияти маърифати экологӣ доир мегардад.

Тавре муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Дилноза Аҳмадзода ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳафтаи мазкур дар ҳошияи таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида,  ҷиҳати тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи маърифати экологӣ заминагузор мебошад. Он инчунин дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдомҳои созанда ва  ташаббускории ҷавонон сурат мегирад.

Мақсад аз баргузории Ҳафтаи тақвияти маърифати экологӣ бештар доир намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ буда, тасмим гирифта шудааст, ки бо ҷалби васеи ҷавонон, волонтёрони  Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» амалҳои созандагиву оммавӣ роҳандозӣ шуда, атрофи биноҳо ва соҳили рӯду дарёҳо аз партовҳо тоза карда шаванд.

 Ба зикри Дилноза Аҳмадзода, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши мамлакат 30 ҳафтаи созандагиву бунёдкорӣ доир шуда, дар чаҳорчӯби он баргузории 30 маъракаи оммавӣ,  ташаббускорӣ ва фароғати ҷавонон  дар назар дошта шудааст.

Март 10, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд