Дар Турсунзода оид ба рушди сайёҳӣ бо иштироки намояндагони ВАО, ширкатҳои сайëҳӣ ва марказҳои касбомӯзӣ семинар доир мегардад

Март 2, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  моҳи марти соли  равон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма,  ширкатҳои сайëҳӣ, марказҳои касбомӯзӣ ва бахшу сохторҳои дахлдор баргузории семинар-омӯзиш оид ба рушди сайëҳӣ дар назар дошта шудааст.

Тавре  аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории ин семинар-омӯзиш рушди инфрасохтор ва муаррифии  имкониятҳои сайёҳии шаҳр  мебошад.

«Шаҳри Турсунзода табиати зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, боғҳои ангур ва дигар меваҳо, растаниву чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намояд. Бахусус, рушди соҳаи сайёҳии эко-аграрӣ, пиёдагардии куҳӣ, шикор, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои ин  шаҳр хос мебошад. Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи шаҳри Турсунзода, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулот заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд. Бо назардошти ташкили боғоти намунавии ангур ва парвариши навъҳои беҳтарин дар баробари меҳмонони сатҳи олӣ ва ҳайатҳои расмии хориҷӣ сайёҳони дохилию хориҷи аз боғҳои ангури ин минтақа дидан мекунанд ва он ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ мегарданд»,-афзуд манбаъ.

Бояд тазаккур дод, ки  шаҳри Турсунзода дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию фароғатие мебошад, ки барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳр-хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», фермаи «Оҳуи холдор» воқеъ дар базаи хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», боғи таърихӣ — табиии «Ширкент», саёҳати кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, изи динозаврҳо дар мавзеи «Ширкент», деҳаи қадимаи кӯҳии «Пашми куҳна» дорои табиати нотакрор дар дараи «Ширкент» мебошанд. Инчунин, дар шаҳр бештар аз 20 адад муассисаҳои истироҳативу солимгардонӣ, аз ҷумла, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Табибон», «Шифо», «Эдем Аква», «Азиза», «Муфид» ва дигарон амал менамоянд. Инчунин, имкониятҳои мавзеъҳои Патру, дараи Ҳакимӣ, Париён ва кӯли Темурдара аз мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоби минтақа ба ҳисоб мераванд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҷалби Хоҷагии моҳипарварии «Парвиз» дар соҳили дарёи Қаратоғ, воқеъ дар деҳаи Маданият корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ босуръат ҷараён доранд.Аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода иттилоъ дода шуд, ки дарозии хатти соҳилмустаҳкамкунӣ беш аз 1,5 км-ро ташкил медиҳад. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои самаранок истифода бурдани беш аз 7 га заминҳои соҳили дарё шароит муҳайё месозанд. Тибқи нақша, парвариши моҳӣ дар Хоҷагии моҳипарварии «Парвиз» ду маротиба афзун гардида, инчунин дар ин макон мавзеъҳои сайёҳӣ ва шикори моҳӣ бунёд мегарданд, ки ба рушди агротуризм мусоидат менамоянд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хатсайри нави сайёҳиро таъсис доданд, ки мақсад аз он рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва муаррифии  имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

Хатсайри мазкур мавсимӣ буда, фарогири саёҳати пиёдагардӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ ва кишоварзӣ мебошад. Сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон доранд, дар доираи хатсайри мазкур аз маркази шаҳри Турсунзода то минтақаи сайёҳии Қаратоғ дидан намоянд. Ҳамчунин сайёҳон метавонанд аз намуди нақлиёти автобус ва нақлиёти хурд ҳам истифода баранд. Хатсайри мазкур аз Боғи истироҳатию мадании «Наврӯзгоҳи баҳори истиқлол»-и шаҳри Турсунзода оғоз гардида, дар истироҳатгоҳи Курани ҷамоати Қаратоғ анҷом меёбад. Хатсайри пиёдагардони «Баҳори Истиқлол» асосан мавзеи сайёҳии дараи «Қаратоғ», «Кӯли Париён», «Темурдара» ва мавзеи Ширкентро дарбар мегирад, ки онҷо пайи динозаврҳо мавҷуд аст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Март 2, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳӣ мушкили беш аз 30 ҷаҳонгарди хориҷиро бартараф намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 34 ҳазору 80 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намуданд
Ба шаҳри Норак беш аз 39 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд