«ХОНАЕ, КИ ТИФЛ БОШАД, ҒУССА ДАР ОН ХОНА НЕСТ…». Дилноза Мамадова — модари аввалин панҷгоникҳо дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон

Март 8, 2021 09:18

ДУШАНБЕ, 08.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадоваи 31-сола панҷгоник таваллуд кард, ки ин рӯйдоди хушҳолкунанда на танҳо дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ низ назир надорад. Дар Тоҷикистон дар солҳои  гузашта ҳолатҳои таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва чоргоникҳо ба қайд гирифта шуда буданд, аммо таваллуди панҷгоник бори нахуст мебошад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилноза Мамадова  иброз намуд, «ман соҳиби ду фарзанд- як писар ва як духтар буда, интизори фарзанди сеюм будам, ки Худованд ба ман якбора панҷ фарзанд — ду писар ва се духтарро лоиқ гардонид. Дар даврони ҳомиладориам табибони ноҳия баъди ташхис муайян намуданд, ки дар батни ман 5 тифл ба вуҷуд омадааст ва барои нигоҳубин ва таҳти назорат қарор додан ба таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе роҳхат доданд. Пеш аз таввалуди тифлонам дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ бистарӣ гардидам ва 30 декабри соли 2020 кӯдаконамро тавассути ҷарроҳии буриши қайсарӣ  ба дунё овардам».

-Ҳамаи модарон ва бонувон ҳиссиётеро, ки ҳар зан пеш аз таваллуд дорад, хуб медонанд. Ҳиссиёт ва дарди модариеро, ки ман он лаҳзаҳо доштам, бо сухан наметавон иброз кард. Духтурон гуфтанд, ки амали ҷарроҳиам 1 соат зиёдтар давом ёфта,  ба он 12 нафар табибон вобаста гардида будаанд. Ҳар як фарзанди ман бо вазни аз якуним то ду килограмм ба дунё омадаанд,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дилноза Мамадова   баъд аз таваллуди тифлонаш тӯли як моҳ дар таваллудхонаи шаҳри Душанбе таҳти назорати табибон қарор дошт. Ҳар  хароҷоте, ки барои таваллуди навзодон сарф шуд, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат анҷом дода шуд. Баъд аз пурра беҳтар шудани вазъи саломатӣ Дилнозаро ҳамроҳ бо кӯдаконаш 29 январи соли равон бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, мудири Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»  Гулҷаҳон Давлатзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода аз беморхона рухсат доданд.

Бо дастури раиси вилояти Хатлон барои таҳти назорати доимӣ қарор доштан аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ноҳияи Қубодиён модар ва тифлонаш як муддат дар таваллудхонаи марказии ноҳия қарор гирифтанд ва ҳоло онҳо дар манзили истиқоматиашон қарор доранд.

Тавре муовини раиси ноҳияи Қубодиён Тоҷинисо Шарипова дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «2 марти соли равон модари панҷгоникҳо ҳамроҳ бо фарзандон аз беморхона ба хонаи худашон гусел карда шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубониён барои нигоҳубин ва кумак намудан ба модари тифлон 1 табиби кӯдакона ва ду ҳамшира вобаста намудааст. Шири модар барои ин тифлон намерасад, аз ин рӯ ба онҳо додани шири сунъиро бо истифодаи дуруст ва меъёри муайян тавсия додаем. Ҳамчунин аз ҷониби раиси вилояти Хатлон дар ҳавлии онҳо манзили алоҳидаи иборат аз се ҳуҷра сохта шудааст, ки дар муддати кӯтоҳ пурра омода мегардад».

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода зикр намуд, ки  тавлиди ин тифлакон дар Тоҷикистон ва ҳатто дар Осиёи Марказӣ хабари тоза буда, дар пайравӣ ба  иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тасмим гирифтааст, ки  ин оилаи ҷавонро дар ҳавлии истиқоматиашон бо хона таъмин намояд.

Зимни гусели ин тифлон муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба кӯдакони навзод умри дароз орзу намуда, зикр кард, ки маҳз қадами неки  панҷгоникҳо буд, ки буҳрони пандемияи COVID-19 аз байн рафт ва Тоҷикистон имрӯз бе коронавирус аст.

Падари ин тифлон Барот Бобоев дар суҳбат иброз дошт, ки   «ба фарзандонам Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хатича ном гузоштам. Дар зиндагии якҷоя бо ҳамсарам дар тӯли 10 сол соҳиби як духтар- Фирӯза ва як писар- Иброҳим гардидем. Ин ҳадяи Худованд аст, ки  ба хонадони мо якбора панҷ тифли дустрӯякро насиб гардонид».

Мавсуф зикр намуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён дастгириву кумакҳои худро ба мо расонида истодаанд ва мо аз онҳо миннатдорем».

Бояд гуфт, ки сиҳату саломат ба дунё омадан ва ба хона рухсат шудани 5 кӯдак  барои кормандони Таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастоварди хуб мебошад. Метавон гуфт, ки ин ҷашни  тамоми мардуми тоҷик аст. Зеро  нахустин бор дар Тоҷикистон  ҳомилагии 5-тифла бо кӯдакони солим  ба қайд гирифта шуд.

Дар оилаи Бобоевҳо се фарзандашон соҳиби дугоник ҳастанд ва ин фарзанди чорум аст, ки соҳиби панҷгоник гардид.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар ҷои аввал  меистад. Тибқи омори расмӣ, аҳолии Тоҷикистон солона ба ҳисоби миёна 2,2 фоиз ё 200 ҳазор нафар меафзояд.  Аз рӯи маълумоти расмӣ, аҳолии Тоҷикистон соли 2020 аз 9,3 миллион нафар гузаштааст.

4 марти имсол АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 ба 9 миллиону 504 ҳазор нафар расид.

Ба ҳамин тартиб, шумораи аҳолии вилояти Хатлон соли гузашта 82,9 ҳазор нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 49,5 ҳазор, вилояти Суғд — 49,4 ҳазор, Душанбе — 13,3 ҳазор ва ВМКБ — 2,9 ҳазор нафар афзудааст.

Шумораи таваллудҳо дар соли гузашта дар ҷумҳурӣ тақрибан 240 ҳазор нафар ва теъдоди фавтидагон тақрибан 42 ҳазор нафарро ташкил дод.

Дар аввали соли равон дар вилояти Хатлон 3 миллиону 425 ҳазор нафар, дар вилояти Суғд 2 миллиону 754 ҳазор нафар, дар ноҳияҳои тобеи марказ 2 миллиону 215 ҳазор нафар, дар Душанбе 880 ҳазор нафар ва дар ВМКБ 231 ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ пешгӯиҳои демографиро нашр карда буд, ки тибқи он дар тӯли 30 сол шумораи аҳолии ҷаҳон 2 миллиард афзоиш меёбад. Мутобиқи ин дурнамо, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон то соли 2050 тақрибан ба 16 миллион нафар ва то соли 2100 ба 25 миллион нафар хоҳад расид.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳон таваллуди ҳатто дугоникҳо  маъмулан ҳодисаи нодир ба ҳисоб меравад. Олимон якбора таваллуд шудани панҷ тифлро мӯъҷиза меҳисобанд. Мутахассисон муътақид бар онанд, ки панҷгонаи «табиӣ» ба ҳисоби миёна дар 480 сол як бор ба вуқӯъ меояд ва имкони чунин ҳомиладорӣ аз 47 миллион нафар ба 1 нафар рост меояд.

Дар ин робита иди мубораку мунаввар- Рӯзи Модарро ба модари хушбахту нектолеъ- Дилноза Мамадова   ва дар симои ӯ ба тамоми занону модарони Тоҷикистони азиз табрик гуфта, аз забони шоира Мавҷуда Ҳакимова баён медорем:

Хонае, ки тифл бошад, ғусса дар он хона нест,
Хонае, ки тифл бошад, ғайбати бегона нест.
Мон, ки аз ҳар хонадон ояд садои кӯдакон,
Нархи ҳар як хандааш гӯйӣ ба сад дурдона нест.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Март 8, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон доир ба дарёфти иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад