Ҷиҳати интихоби ширкати пудратчӣ барои лоиҳаи «Таҷдиди роҳи мошингарди «Қизилқалъа-Бохтар» озмун доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Токио озмун ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди техникии ширкатҳои довталаб вобаста ба интихоби ширкати японии пудратчӣ барои иҷрои корҳои сохтмонии қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тариқи видеоконфронс иштирок намуданд.
Дар ин хусус аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Раҳим Бобозода миннатдории роҳбарияти Вазорати нақлиётро ба Ҳукумати Япония барои дастгирӣ дар рушди бахши нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Япония тавассути Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалиӣ «JICA» тавассути ҷудо намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳо кумаки калон мерасонад. Сипас озмун тибқи расмиёти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» оғоз гардид. «Дар озмун танҳо як ширкати японии «Дай Ниппон» иштирок намуда, пешниҳоди техникии он бояд то 23 марти соли равон арзёбӣ гардад. 23 марти соли 2021 озмун ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди молиявии ширкат гузаронида шуда, пас аз арзёбӣ гуфтушунид байни Вазорати нақлиёт ва ширкат ҷиҳати бастани қарордод оғоз мегардад», — хабар медиҳад манбаъ.








«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд






