Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии БРО дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шенни Кэмпбелл қарор гирифт.
Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои асосӣ, аз қабили сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиёт, рушди фазои сармоягузорӣ ва минтақахои озоди иқтисодӣ, иқтисоди сабз, таҳсилоти касбӣ ва тренингҳо, инчунин мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро бо таваҷҷуҳ ба минтақаҳои сусттараққикардаи кишвар муҳокима намуданд.
Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ, инчунин татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи рушди миёнамуҳлати иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025» баррасӣ карданд.








Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад






