«Мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди илму адаби тоҷику форс». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд

Март 13, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  12 март бахшида ба таъсиси Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди илму адаби тоҷику форс» ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре аз маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар (ДДБ) ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯзаи Шарифӣ,  ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Сайфиддин Давлатзода, меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки дар  саҳни донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯён омода гардида буд, инчунин  аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ» боздид намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Сайфиддин Давлатзода иброз намуд, ки «Маркази илмӣ тадқиқотии «Мавлоношиносӣ» дар маркази вилояти Хатлон ҳамчун макони муқаддас ва эҳтиром ба гузаштагон дар ташвиқу тарғиби бузургони миллат ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавон заминаи боэтимод мегузорад. Адиби маъруф, орифи тавоно Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, аз симоҳои бузурги илмӣ, ирфонӣ ва фалсафаи ҷаҳонӣ буда, дар олами Ғарб бештар бо номи Мавлавии Румӣ ёд карда мешавад».

Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур оид ба «Вижагиҳои маҷозӣ ва услубии воҳидҳои фразеологии ғазалиёти Ҷалолуддини Балхӣ» тариқи онлайн маърӯзаи муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмаддовуд Саломиён шунида шуд. Инчунин аз ҷониби устодони донишкада маърӯзаҳо вобаста ба фаъолият ва эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пешниҳод гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди илму адаби тоҷику форс» имрӯз хотима меёбад.

Март 13, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд