МУБОРАК БОД! Аз таъсиси нашрияи расмии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» 96 сол сипарӣ шуд

Март 15, 2021 15:11

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Ҷумҳурият» 96-сола шуд. Нахустшумораи  он 15-уми марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» дар Душанбе ба табъ расида буд.

Он замон, чун миллат ба бедории сиёсӣ ва худшиносӣ ниёз дошт, шумораи дуюми он бо номи «Бедории тоҷик» аз чоп баромад. Дар марҳилаҳои баъдӣ рӯзнома ба «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони шӯравӣ» ва «Ҷумҳурият» тағйири ном кард.

«Ҷумҳурият» таърихи зиндаи миллати тоҷик ва Тоҷикистон аст. Дар сафаҳоти он навиштаҳои бузургтарин шахсиятҳо нашр гардидааст. Аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ аз муаллифони нахустини ин рӯзнома буд. Дар солҳои сиюм маҳсули қалами Бобоҷон Ғафуров низ ба табъ расид. Шахсиятҳои маъруф чун Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Самад Ғанӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Муҳаммад Ғоиб, Камоли Абдураҳим сармуҳаррири ин нашрия буданд.

Аз оғоз то ба ҳол «Ҷумҳурият» дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат буд. Имрӯз  «Ҷумҳурият» рӯзномаи бонуфузтарини ҷумҳурӣ аст. Имрӯз ҳам бо фарогирии масъалаҳои ҷиддии замони Истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ягонагӣ ва Ваҳдати миллии халқамон, тарғиби ғояҳои баланд ва хушиноси миллӣ, тамоми бунёдкориву созандагиҳои мамлакат  саҳми боризу бузурги худро мегузорад.

АМИТ «Ховар» ҳамкасбони худро, ки дар ин рӯзномаи бонуфуз фаъолият доранд, ба муносибати ин ҷашни муборак самимона табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, муваффақиятҳои беназири касбӣ дар роҳи эҷоди маводҳои солиму созанда баҳри миллату давлат таманно дорад.

                                                         АКС аз бойгонӣ

Март 15, 2021 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд