МУБОРАК БОД! Гулсифат Шаҳидӣ беҳтарин нависандаи кӯдакон дар Россия эътироф гардид
ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамватанони мо торафт бештар ҷаҳонро тасхир мекунанд. Дар Москва озмуни «Нависандаи сол» ҷамъбаст гардид, ки дар он яке аз ҷоизаҳоро ҳакамон ба нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ тақдим карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Иттифоқи нависандагони Россия хабар медиҳад.
Дар пойтахти Россия барандагони ҷоизаҳои адабии миллӣ номбар шуданд. Маросими ҷоизасупорӣ дар толори консертии ҳукумати Москва баргузор шуд. Давоми сол асарҳои иштирокчиёни озмун интихоб карда шуданд, ки дар натиҷа 200 нафар шоирон ва 100 нафар нависандагон аз манотиқи гуногуни Россия, инчунин хориҷаи дур ва наздик ба рӯйхати кӯтоҳ шомил гардиданд.
Шаҳидӣ дар бахши «Адабиёти бачагона» сазовори ҷоиза гардида, дар озмун Душанберо, ки соли 2021 Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудааст, намояндагӣ кард.
Ҳакамон Макс Зимовро аз Москва нависандаи сол номиданд ва ӯро бо ҷоизаи 1 сарфароз гардонданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Александр Валт аз Санкт-Петербург ва Олег Пономарев аз Тула гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷоизаҳо аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Россия бо мақсади дарёфти муаллифони нави боистеъдод, ки метавонанд дар рушди адабиёти муосири рус саҳм гузоранд, таъсис дода шуданд.
Ҳама барандагони ҷоизаҳо ҳуқуқ пайдо карданд, ки китоби худро аз ҳисоби кумитаи тадорукоти озмун нашр намоянд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Ҷашнвораи IV байналмилалии адабии «Open Eurasia and Central Central Forum Forum & Literature Festival – 2015» Гулсифат Шаҳидӣ аз номи Ассотсиатсияи байналмилалии «Генералҳо барои Сулҳ» барои беҳтарин асар бахшида ба мавзӯи сулх, дустй ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо сазовори медали «Кабӯтари сулҳ» гардид.
Ҳамчунин моҳи марти соли 2016 дар Лондон маросими муаррифии китоби Гулсифат Шаҳидӣ «Шаҳре, ки дар он орзуҳо амалӣ мешаванд» — нахустин асари бо забони русӣ навиштаи муаллиф баргузор шуд. Китоб ба забонҳои русӣ ва англисӣ нашр гардидааст.
Соли 2018 дар пойтахти Британияи Кабир маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ «Афсонаҳои бибии Гулсифат» дар номинатсияи «Беҳтарин муаллиф»-и ҷоизаи адабии «Hertfordshire Press» ғолиб омад. Маросими ҷоизасупорӣ дар бонуфузтарин китобхонаи Англия «British Library» баргузор шуд. Дар ин маросим намояндагони маъруфи зиёиёни эҷодкори Лондон ва Китобхонаи Британия ширкат варзиданд.
Дар ин маросим инчунин сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масъуд Халифазода, намояндагони сафоратҳои Қазоқистон ва Озарбойҷон иштирок намуданд. Маросими ҷоизасупориро узви Ҷамъияти санъати Шоҳигарӣ Дэвид Перри гузаронида, ҷоизаҳоро ношир ва ноиби президенти «Eurasian Creative Guild London» Марат Аҳмадҷонов супурд.
Гулсифат Шаҳидӣ 1 январи соли 1955 дар шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) дар оилаи иқтисоддонҳо Ғаффор ва Масрура Сатторовҳо таваллуд шудааст. Падари ӯ , ки баъдтар Вазири савдои Тоҷикистон таъйин гардиид, он замон дар шаҳри соҳили Нева ба курси омӯзишӣ фиристонда шуда буд.
Гулсифат Шаҳидӣ журналист, адабиётшинос, насрнавис, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Россия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё мебошад.
Дар асоси китобҳои Шаҳидӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Минск, Калининград, Лондон, Ню-Йорк, Вашингтон, Стокҳолм, Кембриҷ ва Тел-Авив шабҳои адабӣ ва эҷодӣ баргузор шудаанд.
Имрӯз ӯ амалан дар се шаҳр — Душанбе, Москва ва Лондон кор ва зиндагӣ мекунад.
Гулсифат Шаҳидӣ ҳамсари оҳангсози маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ ва модари продюсер Табриз Шаҳидӣ мебошад.
АКСҲО аз манбаъҳои боз












Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад






