Намояндагони лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии ҳунаромӯзон ба Кӯлоб сафар карданд

Март 19, 2021 11:53

КӮЛОБ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 март намояндагони  лоиҳаи «Тақвияти  таҳсилоти касбӣ –техникӣ ва омӯзиш» бо мақсади  баланд бардоштани  малакаи касбии ҳунаромӯзон ва бо шароити зарурӣ таъмин намудани онҳо аз Душанбе ба шаҳри Кӯлоб рафтанд. Намояндагони лоиҳа  Светлана Мамедова ва Фарзона Абдулқайсова бо иштироки хабарнигорон аввал аз Литсейи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб дидан карда, бо шароити касбомӯзон шинос шуданд. 

Тавре директори литсей Абдулҳошим Абдулҳақов иттилоъ дод,  “ба воситаи ин лоиҳа бинои литсей навсозӣ гардида, бо тамоми таҷхизоти гуногун таъмин гардидааст. Дар литсей 450 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, аз рӯи 10 ихтисос касб омӯхта, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд. То ин давра аз ҷониби ин лоиҳа ба маблағи 7 миллион сомонӣ таъмири хобгоҳ ва бино ба анҷом расонида шуда, дар  назар аст ба маблағи 40 ҳазор доллар батареяи офтобӣ ворид ва насб намоянд”.

Директори Литсейи касбии техникии саноатии кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Амирхон Назриев иброз дошт, ки “бо ёрии ин лоиҳа ошхона ва  бинои литсей аз нав сохта шуда, барои касбомӯзон таҷхизоти зарурӣ ва инчунин 3 трактор ворид карда шуд. Дар литсей 275 нафар хонанда ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, аз рӯи 8 ихтисос касб меомӯзанд. Дар саҳни ҳавлӣ ҳар гуна гулҳои гуногун шинонида шуда, духтарон ба чакандӯзӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ ҷалб гардида, ба дигар ҳунарҳои мардумӣ низ майлу рағбати зиёде доранд”.

Светлана Мамедова оид ба фаъолияти лоиҳаи мазкур гуфт, ки  «Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ — техникӣ ва омӯзиш» (ТТКТО) аввалин ва калонтарин лоиҳа дар самти дастгирии низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш буда, дар заминаи Барномаи давлатии ислоҳоти низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш (ТКТО) барои солҳои 2012-2020 ва ҳамзамон бо стратегияи ҳамкории миёнамуҳлати Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, мавриди татбиқ қарор дорад. Лоиҳа дар асоси созишномаҳои грантӣ ва Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 16 ноябри соли 2015 ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2016 тасдиқ карда шудааст. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии иҷроияи лоиҳа буда, дар назди вазорат аз ҳисоби мутахассисони баландихтисоси дар асоси озмун интихобгардида Гурӯҳи идоракунии лоиҳа (ГИЛ) таъсис дода шудааст”.

Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» аз чор қисмат иборат мебошад:Таҷдиди методологияи низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш; Навсозии инфрасохтор дар муассисаҳои интихобшудаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯзиш; Беҳтар намудани дастрасӣ ба барномаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш; Тақвияти низоми идоракунӣ ва менеҷменти замонавии таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш.

Бо такя ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 тадбиқи лоиҳа ба ҳалли масъалаҳои модернизатсияи методологияи таълимӣ дар литсейҳои касбии техникӣ тавассути истифодаи стандартҳои салоҳияти ҳар касб ва барномаҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои салоҳияти касбӣ равона шуда, омодасозии кадрҳоро барои панҷ соҳаи афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла сохтмон, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия амалӣ менамояд. Дар доираи лоиҳа аз ҳисоби намояндагони вазорату сохторҳои дахлдори ин 5 соҳа гурӯҳҳои кории соҳавӣ таъсис дода шудаанд.

Қадами аввалин барои таҳияи стандартҳои салоҳияти 17 касби интихобшуда- ин коркарди харитаҳои функсионалии касбҳо буд. Гурӯҳи идоракунии лоиҳа дар ҳамкорӣ бо 5 гурӯҳи кории соҳавӣ ва корфармоён харитаҳои функсионалии 17 касби коргариро таҳия намуда, аз экспертизаи корфармоён гузаронд.

Дар асоси харитаҳои функсионалӣ стандартҳои салоҳияти касбӣ, ки нишондиҳандаи асосии лоиҳа мебошанд, таҳия шуда, пурра аз ташхиси корфармоён ва вазорату кумитаҳои соҳавӣ гузаронида шудаанд.

17 стандарти салоҳият ба забони давлатӣ тарҷума шуда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябр тасдиқ гардиданд. Пас аз чоп стандартҳо ба ҳамаи муассисаҳо дастрас карда мешаванд.

Хизматгузории меҳмонхона, коргари коркарди меваю сабзавот, муҳосиб, сабзавоткор, оператори экскватор, механики кондитсионерҳои маишӣ ва таҷҳизоти хунуккунанда, челонгар-техники санитарӣ (сантехник), тракторчӣ, қаннод, ороишгари мӯй, дӯзандаи либосҳои мардона, хиштчин, кафшегари газу барқ, васлгар ва таъмиргари хатҳои ҳавоии интиқоли барқ, барқчӣ-васлгари дастгоҳҳои барқии офтобӣ, барқчӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти саноатӣ- инҳо номгӯи касбҳое ҳастанд, ки тибқи лоиҳа, дар оянда усули таълими онҳо ба тарзи муосир, яъне аз рӯйи методологияи таҳсил дар асоси салоҳият ба роҳ монда мешавад.

Таълим дар асоси салоҳият- ин технологияи муосири таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад, ки кафолати тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси коргарро дар асоси талаботи воқеии бозори меҳнат таъмин менамояд.

Март 19, 2021 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд