Намояндагони ширкати қазоқистонии ТОО «НТРС» бо дастовардҳои кишоварзони шаҳри Турсунзода шинос шуданд

Март 18, 2021 09:53

ТУРСУНЗОДА, 18.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дирӯз намояндагони ширкати қазоқистонии ТОО “НТРС” бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Турсунзода  ва ҳамкории минбаъда дар ин самт ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ  намуданд.  Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.

Меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода роҳбаладӣ намуда,  онҳоро бо дастовардҳои кишоварзони шаҳр шинос намуд.

Дар Хоҷагии деҳқонии “Доно” вобаста ба усули парвариши сабзавоти барвақтӣ ба намояндагони ширкати мазкур маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” таваҷҷуҳи меҳмононро ба бунёди токзор, парвариш ва нигоҳдории навъҳои гуногуни ангур ҷалб намуданд.

Намояндагони ширкати қазоқистонӣ омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо кишоварзони шаҳри Турсунзода иброз доштанд.

Март 18, 2021 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд