Рӯзи Модар дар вилояти Суғд бо барномаи рангини ҳунарӣ таҷлил гардид

Март 5, 2021 09:51

ХУҶАНД, 05.03.2021. /АМИТ Ховар/.  Модар — офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерубахши рӯҳу ҷон, дастгиру нигаҳбон ва роҳбару мададрасон аст. Ин матлабро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баргузории барномаи  тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар, ки 4 март дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шукӯҳи хосса баргузор гардид, баён дошт.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси вилоят занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон иқболи накӯ, толеи баланд ва рўзгори ободу осуда орзу намуд.

Таъкид гардид, кидар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рўзи Модар аз эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон дарак медиҳад.

-Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеъ ва ҷойгоҳи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши бисёр арзишманд доранд. Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд, — иброз дошт Раиси вилояти Суғд.

Зикр гардид, ки ҳоло дар вилоят беш аз 1 миллиону 363 ҳазор нафар занону духтарон умр ба сар бурда, аз ин шумора 9726 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1242 нафарашон дар мақомоти давлатӣ фаъолият мебаранд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки занону бонувони меҳнатқарини вилоят бо саъю талоши комили хеш дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дўстиву рафоқат, ватанпарастӣ ва дар маҷмўъ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузоранд.

Март 5, 2021 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд