Шавкат Ниёзӣ дар синни 92-солагӣ дар Москва аз олам даргузашт

Март 15, 2021 16:53

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта дар шаҳри Москваи Россия Шавкат Ниёзӣ дар синни 92-солагӣ  аз олам даргузашт. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва изҳори тасаллияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин иртибот ба аҳли оилаи марҳум расонид.

Шавкат Ниёзӣ, бародари Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ, 19 декабри соли 1928 дар Самарқанд таваллуд шуда, соли 1948 факултаи таърих ва филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.

Ном ва фаъолияти ӯ бо Тоҷикистон ва Россия пайванди ногусастанӣ дорад ва тасодуфӣ нест, ки ӯ корманди шоистаи фарҳанги ҳар ду давлат мебошад.

Олим, ташкилотчӣ, ношир, тарҷумон ва публисисти боистеъдод Шавкат Ниёзӣ дар таблиғ ва паҳн намудани фарҳанг ва адабиёти тоҷик дар хориҷ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ зиёда аз 45 соли ҳаёти худро ба кор дар Иттифоқи нависандагони ИҶШС бахшидааст.

Дар тӯли чанд соли охир Ш. Ниёзӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҷамъияти байналмилалии иттифоқҳои нависандагон (ҶБИН) — вориси Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд ва кори роҳбариро бо кори эҷодӣ якҷо пеш мебурд.

Ш. Ниёзӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Россия, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Корманди шоистаи фарҳанги Федератсияи Россия,  барандаи Ҷоизаи адабӣ ба номи А. Фадеев, дорандаи медали тиллои А.Фадеев, лауреати ҷоихаи нависанда ва олими бузурги гурҷӣ, академик Георгий Леонидзе ва лауреати ҷоизаи адабии ба номи шоири бузурги чуваш Пайдул мебошад.

Шавкат Ниёзӣ асарҳои классикони адабиёти ҷаҳонӣ ва рус, инчунин нависандагони кишварҳои ИДМ — М. Горкий, А. Доде, М. Сервантес, В. Гюго, В. Тагор, А. Стайл, И. Тургенев, А. Чехов, А. Фадеев, К. Крапива, В. Собко, Б. Кербабаев ва К.Кулиевро тарҷума кардааст.

Ӯ ҳамчунин дар таҳким ва рушди робитаҳои эҷодӣ бо нависандагон ва ташкилоти нависандагии фазои Африқову Осиё саҳми назаррас гузоштааст.

«Тақдир аслан барои шумо фидокорӣ — фиристодаи адабиёти тоҷик дар Москва буданро насиб кард ва шумо ба он, тавре мебинем, то абад содиқ мемонед. Дар тӯли аллакай ним аср шумо яке аз онҳое ҳастед, ки байни адабиёти тоҷику рус пулҳо месозед ва онро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом медиҳед, инчунин ҳамчун олим, ходими ҷамъиятӣ ва намояндаи барҷастаи фарҳанги Тоҷикистон ва Россия шуҳрат пайдо кардед. Фаъолияти шумо наҷибона ва таъсирбахш аст…», — омада буд дар табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 ба муносибати 75-солагии Шавкат Ниёзӣ.

 АКС аз бойгонӣ

Март 15, 2021 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъалаи механизмҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти аҳолӣ баррасӣ гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони мақомоти гумруки Тоҷикистон дар иқдоми либоси миллӣ иштирок намуданд
Дар шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносӣ аз нав оғоз гардиданд
САДРИДДИН АЙНӢ ВА ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ
Коллексияи либосҳои донишҷӯёни тоҷик дар Озмуни умумирусиягии «Нафаси баҳор» сазовори ҷойи якум гардид
Дар Душанбе таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо» ҳамоиш доир гардид
Таҳти унвони «Тоҷикистон — зодгоҳи орзуҳои ҷавонӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешавад
Ҷавонони Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Дар Санкт-Петербург коллексияи либосҳои донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиш дода шуд
Ноҳияи Данғара мизбони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд
Нахустин нишасти Муколамаи Тирмиз оид ба робитаҳои мутақобили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид