Шавкат Ниёзӣ дар синни 92-солагӣ дар Москва аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта дар шаҳри Москваи Россия Шавкат Ниёзӣ дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва изҳори тасаллияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин иртибот ба аҳли оилаи марҳум расонид.
Шавкат Ниёзӣ, бародари Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ, 19 декабри соли 1928 дар Самарқанд таваллуд шуда, соли 1948 факултаи таърих ва филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст.
Ном ва фаъолияти ӯ бо Тоҷикистон ва Россия пайванди ногусастанӣ дорад ва тасодуфӣ нест, ки ӯ корманди шоистаи фарҳанги ҳар ду давлат мебошад.
Олим, ташкилотчӣ, ношир, тарҷумон ва публисисти боистеъдод Шавкат Ниёзӣ дар таблиғ ва паҳн намудани фарҳанг ва адабиёти тоҷик дар хориҷ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ зиёда аз 45 соли ҳаёти худро ба кор дар Иттифоқи нависандагони ИҶШС бахшидааст.
Дар тӯли чанд соли охир Ш. Ниёзӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҷамъияти байналмилалии иттифоқҳои нависандагон (ҶБИН) — вориси Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд ва кори роҳбариро бо кори эҷодӣ якҷо пеш мебурд.
Ш. Ниёзӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Россия, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Корманди шоистаи фарҳанги Федератсияи Россия, барандаи Ҷоизаи адабӣ ба номи А. Фадеев, дорандаи медали тиллои А.Фадеев, лауреати ҷоихаи нависанда ва олими бузурги гурҷӣ, академик Георгий Леонидзе ва лауреати ҷоизаи адабии ба номи шоири бузурги чуваш Пайдул мебошад.
Шавкат Ниёзӣ асарҳои классикони адабиёти ҷаҳонӣ ва рус, инчунин нависандагони кишварҳои ИДМ — М. Горкий, А. Доде, М. Сервантес, В. Гюго, В. Тагор, А. Стайл, И. Тургенев, А. Чехов, А. Фадеев, К. Крапива, В. Собко, Б. Кербабаев ва К.Кулиевро тарҷума кардааст.
Ӯ ҳамчунин дар таҳким ва рушди робитаҳои эҷодӣ бо нависандагон ва ташкилоти нависандагии фазои Африқову Осиё саҳми назаррас гузоштааст.
«Тақдир аслан барои шумо фидокорӣ — фиристодаи адабиёти тоҷик дар Москва буданро насиб кард ва шумо ба он, тавре мебинем, то абад содиқ мемонед. Дар тӯли аллакай ним аср шумо яке аз онҳое ҳастед, ки байни адабиёти тоҷику рус пулҳо месозед ва онро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом медиҳед, инчунин ҳамчун олим, ходими ҷамъиятӣ ва намояндаи барҷастаи фарҳанги Тоҷикистон ва Россия шуҳрат пайдо кардед. Фаъолияти шумо наҷибона ва таъсирбахш аст…», — омада буд дар табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 ба муносибати 75-солагии Шавкат Ниёзӣ.
АКС аз бойгонӣ








«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд






