ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 март, чоршанбе, 83-умин рӯзи соли 2021 аст

Март 24, 2021 08:00

24 марти соли  2010 зимни вохӯрии Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбарияти СММ дар қароргоҳи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ маросими супоридани ҷоизаи «Дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ» баргузор гардид. Бо Ҷоизаи мазкур соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардида, он ба Оқил Оқилов супорида шуд.

***

5 сол пеш, 24 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат  ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара» ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд.

 24 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил.

 РӮЙДОДҲО:

 24 марти соли 2009 дар шаҳри Тошканд давраи 7-уми Мусобиқаи 3-юми байналмилалии шоҳмот барои хотираи Георгий Агзамов баргузор гардид. Дар давраи 7-ум шоҳмотбози беҳтарини тоҷик Фаррух Амонатов бо 5,5 хол ҷойи  2-юмро ба даст овард.

***

24 марти соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зертобеи СММ,  вазъи минтақа ва дигар мушкилоти мавҷуда баррасӣ гардиданд.

***

9 сол пеш, 24 марти соли 2012 Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

***

Дар ин рӯзи соли  1956 унвони фахрии «Мураббии варзидаи ИҶШС» таъсис дода шуд.

***

31 сол муқаддам, 24 марти соли 1990 дар Ӯзбекистон мақоми президентӣ ҷорӣ карда шуд.

***

24 марти соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Венгрия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Куба муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

  Соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон», ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшиданд.

Март 24, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш