ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 март, панҷшанбе, 84-умин рӯзи соли 2021 аст

Март 25, 2021 08:00

25 марти соли 2016 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода доданд.

***

7 сол пеш, 25 марти соли 2014 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии панҷуми Суперҷоми Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дастаҳои «Равшан»- Кӯлоб ва «Истиқлол»- и Душанбе сабқат намуданд.

***

25 марти соли 2014 президенти ФИФА Йозеф Блаттер бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон омад.

 25 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Украина — Рӯзи хадамоти бехатарӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи кормандони фарҳанг.

 РӮЙДОДҲО:

 25 марти соли 2015 дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори «Баҳористон» фаъолият мекунад.

***

25 марти соли 1807 Парлумони Британияи Кабир ғуломфурӯширо манъ кард.

***

126  сол муқаддам, 25 марти соли 1895 дар Москва рӯзномаи «Русское слово» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1922 Ҳизби коммунистии Бразилия таъсис дода шуд.

***

25 марти соли 1924 Юнон ҷумҳурӣ эълон карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1957 дар Рим дар бораи таъсис додани Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо шартнома ба имзо расид.

Март 25, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст