«ТИМСОЛИ ҶОВИДОНАИ МУҲАББАТ». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади идона доир гардид

Март 1, 2021 16:54

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар дар тарабхонаи «Яккасарой»-и пойтахт  таҳти унвони «Тимсоли ҷовидонаи муҳаббат» бо иштироки  занони фаъол ва бонувони собиқадори меҳнати ҷумҳурӣ  барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади идона  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок доштанд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, паёми шодбошии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ин ҷашни пуршукӯҳ   ба иштирокдорони ҷамъомади тантанавӣ расонид.

«Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлолияти  давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем», — чунин иқтибос овард муовини Сарвазири  мамлакат Матлубахон Сатториён аз яке суханронии Пешвои миллат   дар мулоқот бо занони фаъоли мамлакат.

Сипас Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, зикр кард, ки «давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд».

«Ҳатто имрӯз дар соҳаҳое занон фаъолияти назаррас  доранд, ки  то замони  Истиқлолияти давлатӣ онҳоро касбҳои мардона меномиданд»,-афзуд номбурда.

Дар ҳамоиши идона собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарифова ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр кард, ки мояи ифтихор аст, ки имрӯз мақому мартабаи занони  тоҷик дар ҷомеа боло меравад ва теъдоди онҳо дар тамоми соҳаҳо меафзояд.

Сипас ба модарони ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва варзишгароне, ки бо дастоварҳои хеш нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштанд «Ифтихорнома» ва «Сипрснома»-ҳо тақдим гардид.

Ҷамъомади идона бо  пешниҳоди барномаи фарҳангӣ  аз ҷониби  устодони санъати тоҷик  ба анҷом расид.

Март 1, 2021 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад