Тоҷикистон дар Қазоқистон марказҳои тақсимоти яклухт боз мекунад

Март 13, 2021 15:28

ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкории минтақавии ду кишварро раиси вилояти Ҷамбули Қазоқистон Бердибек Сапарбаев ва сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода баррасӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти вилояти Ҷамбул.

Раиси вилоят тазаккур дод, ки ҳамкории минтақаҳои кишварҳоро тақвият додан зарур аст. Ин пешниҳодро сафири Тоҷикистон дастгирӣ кард.

Хайрулло Ибодзода гуфт, ки мехоҳад дар бораи имконоти вилоят маълумоти бештар гирад.

Бердибек Сапарбаев ба сафири Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии рушди минтақа маълумот дода, таъкид кард, ки дар соҳаи зироаткорӣ ва чорводорӣ имкониятҳои бузург мавҷуданд. Истеҳсоли нуриҳои минералӣ рушд мекунад.

«Қазоқистон ва Тоҷикистон кишварҳои Осиё мебошанд, аз ин рӯ, мо бисёр чизҳои муштарак дорем. Манфиатҳои тарафайн вуҷуд доранд. Дар бахшҳои гуногуни иқтисод — кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ ҳамкорӣ кардан мумкин ва зарур аст», — гуфт Б. Сапарбаев.

Хайрулло Ибодзода дар навбати худ зикр кард, ки Тоҷикистон азм дорад, ҷавононро барои таҳсил ба донишгоҳҳои Қазоқистон, аз ҷумла Тараз фиристад.

Илова бар ин, ҷониби Тоҷикистон нақша дорад, ки ба ифтитоҳи ду маркази тақсимоти яклухт дар Қазоқистон мусоидат кунад. Яке аз онҳоро сафир пешниҳод кард, ки дар ин минтақа ифтитоҳ карда шавад. Раиси вилоят ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, ба муовини худ Алмас Мадиев супориш дод, ки ин масъаларо омӯзад.

Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи туризм низ мавҷуд аст. Тараз яке аз қадимтарин шаҳрҳои Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Сафири Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани раводиди ягона барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, то сайёҳон тавонанд дар як вақт ба чанд шаҳри бостонӣ озодона ташриф оваранд, табодули афкор намуд.

Миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон муносибатҳои наздик ба роҳ монда шуда, новобаста аз тандемия, тиҷорати ду давлат ба 910 миллион доллар расид.

АКС аз хадамоти матбуоти ҳокимияти вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон

Март 13, 2021 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд