Тоҷикистон ва БАТР созишномаҳои қарзӣ, дастгирӣ ва лоиҳавӣ ба имзо расониданд

Март 4, 2021 08:45

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Корхонаи давлатии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» 2 март дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Созишномаи қарзиро аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Созишномаи дастгириро Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Созишномаи лоиҳавиро Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – Ҷамшед Табарзода, Директори Корхонаи давлатии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб» – Миралӣ Шарипов ва аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Мақсади асосии лоиҳа сохтмон, барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 15,0 млн евроро ташкил дода, аз он маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 7,5 млн евро аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегардад.

Инчунин барои омода намудани лоиҳаи мазкур ҷудо гардидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,35 млн евро пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи лоиҳа аз аввали соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Март 4, 2021 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд