Вокуниши Бонки миллии Тоҷикистон ба мақолаи бардурӯғ ва аз ҳақиқат дури «Азия Плюс»
ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба маводи нашрнамудаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 26 феврали соли 2021- «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад» вокуниш намудааст.
Дар зер матни ин вокуниш, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид, пешниҳод карда мешавад:
«Дар мақолаи нашрнамудаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 26 феврали соли 2021 зери унвони «БМТ ба ошкор намудани хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон хизмати электронӣ мерасонанд, кумак мекунад” гуфта мешавад, ки “БМТ баъди ба кор андохтани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ акнун ҳамаи имкониятро барои муайян кардани фиристанда ва гирандаи қариб ҳар як интиқоли анҷомдода дар ихтиёр дорад”.
Ин гуфтаҳо ба ҳақиқат рост намеоянд ва метавонанд аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро, ки истифодабарандагони асосии хизматрасониҳои молиявианд, ба иштибоҳ андозанд.
Бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоии интиқоли маблағҳо, ҳадафи асосии таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ (ММП) дар назди БМТ- ин созмон додани як платформаи муназзам ва дар таҷрибаи ҷаҳонии бонкҳои марказӣ бесобиқа мебошад, ки баъзе навгониҳои институтсионалӣ ва барномавию техникиро (фановариро) дарбар гирифта, барои ҳисоббаробарии зуду бехатар ва муттасили интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ равона шудааст(https://nbt.tj/ru/news/491761/?sphrase_id=66155).
ММП ба сифати низоми мусоиду беназир барои рушди бозори интиқоли маблағҳо имконияти навро дар ихтиёри мо қарор дода, ба боло рафтани сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ, диверсификатсияи хизматрасониҳои молиявӣ ва инчунин аз байн бурдани монополияи яке аз низомҳои пардохт мусоидат менамояд ва бояд гуфт, ки он бахусус хароҷоти транзаксияҳои муҳоҷирони меҳнатиро коҳиш медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон таъкид месозад, ки ММП бо фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои электронӣ (Google, Facebook ва ғайра) ҳеч алоқамандие надорад, аз ин рӯ чунин андеша, ки гӯё ММП ба маълумот дар бораи фаъолияти шахсони хориҷӣ- таҳвилгарони хизматрасониҳои электронӣ дастрасӣ дорад, нодуруст ба ҳисоб меравад.
Таъкиди ин нукта низ муҳим аст, ки навгониҳои ислоҳоти ММП хароҷоти маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатиро на зиёд, балки коҳиш дода, ба дастрасии мунтазами табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва нигаҳдории суботи молиявии кишвар мусоидат хоҳанд кард. Бо дарназардошти ҳассос будани ин масъала ва аҳамияти иҷтимоии он ҷорӣ кардани ягон навъи андоз ба ин гуна амалиёт, ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, нораво мебошад ва он зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бахусус бояд зикр намуд, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки берун аз қаламрави кишвар фароҳам меоянд, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи мамлакат андозбандӣ намешаванд.
Дар робита ба гуфтаҳои боло, Бонки миллии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки маълумоти дар мақола интишоршуда нодуруст ва дур аз ҳақиқат аст. Шарҳу маънидоди нодурусти масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ ба фазои иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонида, минбаъд ҷараёни вуруди ғайрирасмии маблағҳои интиқолшавандаро зиёд месозад, ки ин боиси боло рафтани саҳми иқтисодиёти ғайрирасмӣ гардида, ба муҳити сармоягузорӣ таъсири ногувор дорад ва шиддати иҷтимоиро ба миён меорад.
Бо мақсади роҳ надодани ба ҳар гуна таҳрифи маълумот ва шарҳи дурусти чунин интишорот аз намояндагони ВАО бо қатъият хоҳиш менамоем, ки дар ин хусус қаблан бо танзимгар-Бонки миллӣ машварат намоянд».








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






