Зарина Норова: «Занҳои афғон низ мехоҳанд чун мо Сарвари ғамхор дошта бошанд, то ҳамроҳи фарзандон дар фазои орому осуда умр ба сар баранд»

Март 5, 2021 08:17

ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Мо низ мехоҳем чунин як сарвари мушфиқу ғамхор дошта бошем, то ин ки мисли шумо ҳамроҳи азизони худ дар фазои орому осуда умр ба сар барем». Ин андешаи як афғондухтар мебошад, ки  тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ба бонувони тоҷик хитоб кардааст. Албатта, ҳамагон шукргузор аз Сарвари давлати соҳибистиқлоламон ҳастем ва мекӯшем, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаамон  боз ҳам ҷиддитару масъулиятшинос бошем. Чунин гуфт мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Зарина Норова дар арафаи Рӯзи Модар ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Мавсуф дар идома боз ҳам аз андешаҳои Ноҷия Аймоқ-вакили собиқи парлумони Афғонистон ёдовар шуд, ки гуфта буд: «Занони ин ҷумҳурӣ  талош доранд ақаллан аз ҳамон ҳуқуқҳое, ки  дини мубини ислом барояшон додааст, бархӯрдор бошанд, вале, мутаассифона, ин фақат орзуи занҳои афғон аст».

Зани тоҷик имрӯз хушбахт аст, ки дар ҷомеа мақому манзалати хосса дорад. Даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ имкон фароҳам овард, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисос аз ҳисоби занону духтарон, ҷалби онҳо  ба касбу ҳунаромӯзӣ ва ба ин васила, мусоидат ба ҳаёти осоишта ва рӯзгори босаодати бонувон тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Бешак, масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат қарор дорад. Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла таъкид шудааст, ки «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.  Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир ҷиҳати ба мақоми роҳбарӣ ҷалб намудани занон ва таъмини шароити мусоиди кору зиндагии онҳо иқдоми зиёд амалӣ шудаанд». Таҳлилҳо нишони донанд, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат занон дар баробари мардон фаъолият мекунанд ва дар рушду пешрафти мамлакат саҳм мегузоранд.

Воқеан зан-модар чароғи хонадон, нури зиндагӣ ва баракати рӯзгор аст. Агар зан босавод бошад, бешак фарзанди ӯ ҳам донову босавод мешавад. Ҳар як модар мекӯшад, ки фарзанди солим ба дунё оварда, ӯро соҳиби донишу савод кунад, то ин ки дар ҷомеа нафърасон  бошад ва муҳтоҷи чизеву касе нашавад.

Аз ҳама бештар саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат зиёд аст. Тавре дар Паёми имсолаи Пешвои миллат омадааст,  73 фоизи кормандони соҳаи маорифи мамлакатро  занону бонувон ташкил медиҳанд.

«Имрӯз танҳо дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 35 нафар занон фаъолият доранд, аз ҷумла шумораи занон дар Шӯрои муҳаққиқони ҷавон 10 нафарро ташкил медиҳад, ки дар риштаҳои гуногуни илм таҳқиқот мебаранд. Ҳамаи ин самараи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аст. Ин нуктаро ҳам мебояд таъкид кард, ки  баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои пешрафта аст»,- афзуд Зарина Норова.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 5, 2021 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон